РОҲИ 115-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ БАЪДИ ҲАМАГӢ 4 СОЛ РӮ БА ВАЙРОНӢ ОВАРДААСТ
Муҳтавои матлаби мазкур далели бебаҳси он аст, ки зоҳир намудани муносибати дуюмдараҷа ба нигоҳдории роҳ ва набудани нигоҳбони масъулиятшиносе чун филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомади ногувор дорад.
РОҲИ 115-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ БАЪДИ ҲАМАГӢ 4 СОЛ РӮ БА ВАЙРОНӢ ОВАРДААСТ (20 АКС)
26/09/2019
Роҳи Айнӣ - Панҷакент, ки ҳамагӣ чор сол пеш бо харҷи 115 миллион доллар бозсозӣ шуда буд, алакай ҷо-ҷо фурӯ рафта ва вайрон шудааст. Ронандагони маҳаллӣ, ки аз ин роҳ зиёд истифода мекунанд, бо истифодаи 20 акс ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки бо онки фурӯравии қисматҳои роҳи Айнӣ –Панҷакент чанд моҳ боз идома дорад, касе дар пайи тармимаш нест ва ҷойҳои фурӯрафтаро танҳо бо чанд санг нишона кардаанду халос. 4 сол пеш мақомот гуфта буданд, ки барои бозсозии ҳар километри ин роҳ як миллион доллар сарф шудааст. Аммо сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз сӯи як ширкати Чин анҷом шуда буд, аз ҳамон аввал нигарониҳоро ба бор оварда буд.
Вайроншавии қисматҳои роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент ронандагони ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакентро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, вайронии роҳ хатари ба садама гирифтор шудани воситаҳои нақлиётро ба бор овардааст.
Ба гуфтаи ронандагон, асосан роҳҳои воқеъ дар минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияи Айнӣ тахриб шудаву ҷо-ҷо фурӯ рафтаанд ва хафви фурӯравии роҳ дар ин қисматҳо идома дорад.
Чанде аз ронандагон бо ирсоли аксҳо ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, 4-5 моҳ боз тахрибшавии қисматҳои гуногуни роҳи мазкур идома дорад, вале то ҳол ниҳодҳои марбута оиди нигаҳдории роҳ ягон чорае наандешидаанд.
-На таъмир мекунанду на пешгирӣ. Дар пеш зимистон аст. Боришот зиёд мешавад, хоҳ нохоҳ таги роҳро шуста мушкилотро ҷиддитар месозад. Аллакай чанд маротиба мошинҳо дар роҳҳои вайрон ба садама гирифтор шуданд. Масъулин наход тӯли ин муддат аз мушкилоти пеш омада хабар надошта бошанд, – мегӯянд ронандагон.
Ба иттилоъи ронандагон , роҳ дар байни километрҳои 21 то 30-юм, дар мавзеъи Урметан ва чанд ҷои дигар фурӯ рафтаву вайрон шудааст. Ҳамчунин дар чанд пул (кӯпрук) фурӯравии бетон ба назар мерасад, ки ин аз сифати пасти сохтмон дарак медиҳад.
Аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани масири мазкур 4 сол сипарӣ гардид ва дар ин муддат борҳо дар матбуот аз сифати пасти корҳои сохтмонӣ навишта буданд. Ҳини супоридани роҳ низ дар санаи 18-уми октябри соли 2015, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳ эрод гирифта,баҳри ислоҳи камбудиҳо ба масъулин супориш дода буд.
Баъди ду соли ба истифода додани роҳи Айнӣ – Панҷакент, моҳи апрели соли 2017 як қисмати дигари ҳамин шоҳроҳ дар мавзеъи Урметани ноҳияи Айнӣ, дар километри 33-юм ба дарозии зиёда аз 60 метр фурӯ рафта буд. Он вақт Вазорати нақлиёт иллати фурӯравии роҳро нам гирифтани он аз боду борон арзёбӣ карда буд.
Сохтмони ин роҳ моҳи октябри соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар оғоз шуда буд. Дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил дода, бо маблағи беш аз 115 миллион доллари амрикоӣ (100 миллион доллар сармояи Бонки осиёии рушд, 14 миллион доллар кумаки ОПЕК (Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт) ва 1,2 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон) аз нав сохта шуд. Масъулияти тармим ва бозсозии ин роҳро ширкати "Сансиян Бейсин”-и Ҷумҳурии мардумии Чин бар ӯҳда дошт.
Бино ба гуфтаи вазорати нақлиёти кишвар, барои бозсозии ҳар як километри ин роҳ 1 миллион долларӣ амрикоӣ харҷ шудааст. Аммо соли 2015 дар як тадқиқоти журналисти муқими Панҷакент Хуршед Фозилов чанд мавиди азхудкунии маблағҳо дар бозсозии ин роҳро ошкор намуда буд.
Бознашр аз сомонаи “Ахбор ком”