ФАВРӢ! ЛАҒЖИШИ КӮҲПОРА ДАР КИЛОМЕТРИ 119

 

Субҳи имрӯз дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпораи азим ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафта, бино ба гуфти мутахассисон онро аз нав бунёд кардан лозим аст.
Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии куҳпора идома дорад. 
Ҳоло ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод, то ҳар чӣ зудтар рафтуомади автомобилҳо имконпазир гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо