Маҳдудияти мавсимӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ менамояд

 

Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор осеби ҷиддӣ дидани роҳ аз эҳтимол дур нест. 
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз оғози фаъолият инҷониб аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштааш таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада, боиси нигаронӣ аст. 
Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳи мавриди назарро ба зимма дорад, баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он мунтазам тадбирандешӣ менамояд. Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурўъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. 
Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум», ки таҳти №569 моҳи ноябри соли 2011 ба тасвиб расидааст, амалӣ шуда, дар баробари эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт, шароит фароҳам меорад. 
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин тадбирандешӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Ибтикори зикршуда муҳиму сариваќтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолаташ собитқадам буда, бо дарки масъулият онро иҷро карда истодаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо