Дар моҳи апрел низ тармафароӣ давом дорад
Дирӯз, дар километри 121- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, дар ин замина ҳаракати воситаҳои нақлиёт мутаваққиф гардид.
Шоистаи зикр аст, ки техникаҳои филиали Ширкат филфавр ба макони тармафароӣ сафарбар гардида, дар муддати кутоҳ тармаи мавриди назар бартараф карда шуд.
Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Ба ронандагону мусофирон роҳи сафед орзумандем!