КӮҲПОРАИ ДАР КИЛОМЕТРИ 120 ЛАҒЖИДА ФИЛФАВР БАРТАРАФ КАРДА ШУД 

 

 

Имрӯз, соати 15:25 дар километри 120- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпора ба амал омада, ҳаракати воситаҳои нақлиётро мутаваққиф кард. 
Дар муддати кутоҳ техника ва кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ба маҳалли мазкур сафарбар шуда, куҳпораро бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз як самт таъмин карданд. 
Ҳоло васеъкунии қитъаи мавриди назар идома дошта, ним соат пас ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду самт имконпазир хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо