ҲУШДОР: ДАР РӮЗҲОИ ШАДИД БУДАНИ БОРИШ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!

 

Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми рўзи охир дар мамлакат бориши борон раванди давомдор шуда, боиси расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла роҳҳо гардид. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор , ки бориши боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кўҳистони мамлакат мегузаранд фаромадани сангпораҳо, омадани сел ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст. Хоса, шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёди он аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз офатҳои табиии зикршуда зиёдтар осебпазир маҳсуб мешавад. 
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ итттилоъ доданд, ки ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағжиши тарма зиёд аст. Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабагори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимолияти ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки омадани сел, лағжиши кўҳпора ва сангфароӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе –Чанок падидаи ғайриинтизор набуда, ҳамасола ба амал меояду пайомадҳояш ногуворанд. Солҳои қаблӣ низ аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳи мавриди назар маблағи зиёд харҷ гардида, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ба ин раванд вобаста мадди назар қарор дошт. 
Чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддат меояд, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ мерасонад . Илова ба ин, ҳамасола дар минтаќаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣї бамаротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуҷуд меорад. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, аз тарафи роҳбарияти филиали Ширкат баҳри пешгирии пайомадҳои ногувори офати табиӣ бетаъхир тадбирандешӣ шуда истодааст. 
Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки кормандони кулли намояндагиҳои филиали Ширкат аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои табиӣ кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудан сафарбар намуда, рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд. Дар робита ба ин аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чанок эҳтиёткору дақиқназар бошанд ва дар сурати ба мушкил мувоҷеҳ шудан аз тариқи телефони 487011020 тамос гиранд ва кормандони мо ҳатман ба чунин ашхос кумак хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо