ФАЪОЛИЯТИ ПУРМАҲСУЛРО ЭЪТИРОФУ АРҶГУЗОРӢ МЕБОЯД 

 

 

Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки ҳадафи иқдоми мо дар мавриди муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт якто - таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст. 
Мутаассифона, як идда моҳияти ин ибтикорро дуруст дарк накарда, ба сари кормандони филиали Ширкат санги маломат мезананд, ки роҳро "сари вақт аз сангреза тоза намекунанд". 
Бо дарки масъулият мегӯем ки кормандони филиали Ширкат дар ҳама ҳолат рисолати дар асоси шартномаи консесионӣ ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ иҷро намуда, дар ин ҷода собитқадаманд. 
Расмҳои зер далели бебаҳси онанд, ки андеша бобати "сари вақт тоза накардани сангреза" асос надораду харсангҳои ба роҳ афтода аз лиҳози ҳаҷм қобили мулоҳиза буда, дар сурати бетаъхир чораандешӣ накардан пайомади ногувортар ба бор меоварданд...

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо