Роҳи Душанбе - Чанок. Тармафароӣ др марҳилаи анҷомёбӣ буда, шусташавии роҳ бар асари боришот шурӯъ шуд
Агар касе андеша дошта бошад, ки бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд. Барои мисол, ҳарчанд баҳор фаро расидаву дар паҳноиҳо гармӣ рӯз то рӯз шиддат пайдо мекунад, вале дар масири роҳи Душанбе – Чанок то кунун фаромадани тармаҳо идома дорад. Месазад барои тақвияти сухан аз он ёдовар шавем, ки рӯзҳои охир дар километрҳои 60, 61, 71, 80, 81, 121, 156, 157, 160 тармаҳои калонҳаҷм фаромад, ҳаракати нақлиётро мутаваққиф намуданд. Муҳимтар аз ҳама, дар муддати кутоҳ техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат ба маҳалли тармафаромада сафарбар ва тармаҳо филфавр бартараф шуданд.
Агар дар фасли зимистон кормандони «IRS» ба бартарафсозии тармаҳо, коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш, васеъ кардани роҳ дар минтақаҳои тармафаромада, расонидани кумак ба ронандагони дар роҳ дармонда машғул бошанд, пас дар мавсмими гармо бартарафсозии пайомадаҳои дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, шусташавии роҳ, лағжиши кӯҳпора ва ғайра мадди назар аст. Илова ба ин, ҳамасола бо фаро расидани мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ гардида, дар ин замина то 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ мешавад.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор , ки бориши боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд фаромадани сангпораҳо, омадани сел ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст. Хоса, шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёди он аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз офатҳои табиии зикршуда зиёдтар осебпазир маҳсуб мешавад.
Далелу рақамҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки кормандони филиали Ширкат, ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо тавонманданд ва аз имкониятҳои зиёди дар ихтиёрдошта самарнок истифода намуда истодаанд. Ин аст, ки чунин минтақаҳо зери назорати доимӣ қарор дошта, иқдомоти пешгирикунанда тавсеа ёфтаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконоти инсон аст...
Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми рӯзи охир дар мамлакат бориши борон раванди муттасил шуда, боиси расидани хисороти љиддӣ гардид. Омили мазкур ва дар ин замина омадани сел, лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ дар масири шоҳроҳи Душанбе –Чанок масъулияти кормандони филиали ширкати «IRS» -ро дучанд намуд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои қаблӣ низ аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳи мавриди назар маблағи зиёд харҷ гардида, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар ибтикори ба ин раванд вобаста мадди назар қарор дошт.
Чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддат омад, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ расонид. Илова ба ин, ҳамасола дар минтақаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ бамаротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуљуд меорад. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, аз тарафи роҳбарияти филиали Ширкат баҳри пешгирии пайомадҳои ногувори офати табиӣ бетаъхир тадбирандешӣ шуда истодааст. Нуктаи муҳим ва қобили таваљљуҳ он аст, ки кормандони кулли намояндагиҳои филиали Ширкат дар минтақаҳои мамлакат вобаста ба вазъи обу ҳаво сари вақт чораандешӣ намуда, аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои табиӣ кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудан сафарбар намуданд.
Бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони «IRS» ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок таъмин аст. Мављудияти техникаҳои пуриқтидор ба кормандони «филиали Ширкат имкон доданд, ки дар қиболи тамоми офатҳои табиӣ, ки аз лиҳози ҳаљм қобили мулоҳизаанд, ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин намуда, рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба љой оранд.
Айни замон бартарафкунии пайомадҳои офати зикршуда дар тамоми минтақаҳо босуръат идома дошта, дар ин самт кормандони филиали Ширкат собитқадаманд.