Хабарҳо

АЗ 1-УМИ МАЙ МАҲДУДИЯТИ МАВСИМӢ ОҒОЗ МЕШАВАД

Чанде пеш дар филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади дахлдор -“Дар бораи  ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои соли 2022” ба тасвиб расид. Тибқи он, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол

Муфассалтар...
ТАДБИРАНДЕШИИ БЕТАЪХИР ФУРӮРАВИИ РОҲРО ПЕШГИРӢ КАРД

Далели возеҳи ин гуфта тадбирандешии бетаъхир дар робита ба пайдошавии тарқиш дар километри 138 –уми роҳи автомобилгарди Душанбе  - Чаноқ, ки хавфи фурӯравии ин қитъаи роҳро ба вуҷуд оварда буд, маҳсуб мешавад. Бунёди пойдевори азим  аз иқдомот  дар ин самт  ба ҳисоб рафта, дар муддати кутоҳ, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ амалӣ гардид.

Муфассалтар...
“IRS”  ЯКЕ АЗ  КУПРУКҲОИ АЗИМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚРО АЗ НАВ СОХТА ИСТОДААСТ

Ҳоло азнавсозии купруки азим дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ босуръат идома дорад.  Купруки мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад,  соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нуҳуми  марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта

Муфассалтар...
Ҳамватанони гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза шуморо ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз  сидқан табрик менамоям. Ниёкони накуноми мо бо дарназардошти айёми эҳё гардидани табиат, Наврӯзро ҷашни офариниши табиату инсон ҳисобида, дар ин айём ба ҳам омада, бо тараннуми сулҳу дӯстӣ ба якдигар хайру хубӣ мехостанд ва бо меҳрварзиву бахшидани ҳамдигар кинаҳоро аз дил дур мекарданд.

Муфассалтар...
АЗ МЕҲНАТИ ДИГАРОН НАБОЯД БЕҒАМ БУД

Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қавле «дар пӯсти худ эҳсос кардам»-у тасмим гирифтам ин мақоларо нависам. Зеро мардум бояд аз асли воқеа бохабар бошанд, то ба он баҳои воқеӣ дода тавонанд. Тавре иттилоъ дорем, рӯзҳои охир дар мамлакат, хоса минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф

Муфассалтар...
ЭЙ АҒБА КУНУН ШУНАВ, КИ МО ОБОДЕМ

Ёдовар шудан ҳатмӣ аст, ки солҳои қаблӣ роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ  ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  шуда, шаҳрвандон ҳар рӯз дар роҳ бо мушкилоти зиёд дучор гашта, теъдоде аз  одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Ҳикояи мазкур, ки ба қалами рӯзноманигор ва омӯзгор Қамариддин Одинаев тааллуқ дорад, воқеияти он замонро дар заминаи далелҳои раднопазир бозгӯйӣ кардааст:

Муфассалтар...
Пардохти ғайринақдӣ. Чаро “IRS” ба тавсеаи он таваҷҷуҳи хос дорад?

Оператор оид ба  нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе  — Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати   беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ, ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст.

Муфассалтар...
Масъулиятшиносӣ  ва тадбирандешиҳои “IRS”. Шаҳрвандон онҳоро эътироф ва арҷгузорӣ менамоянд

Дар бозгашт аз шаҳри Панҷкент рӯзи 10-уми январ мушоҳида кардам, ки роҳҳое, ки ҳангоми рафтани мо пур аз барф буд, аллакай пурра тоза карда шуда, тармаҳо комилан бартараф гардидаанд. Баъд аз  бозгашт тасмим гирифтам аз бардоштҳои ин сафарро  бо истинод ба суҳбат бо ронандагон рӯйи саҳифа орам. Биноан, бо якчанд савол ба Маркази матбуоти филиали Ширкат муроҷиат намудам.

Муфассалтар...
БАРОИ ЧӢ РАҲМАТ НАГӮЕМ???

Сеюми январ вазъ якбора тағйир хӯрду дар кӯҳпуштаҳо тармафароӣ ба мушоҳида расид. Аз ин тармафароиву барфрезӣ роҳи Душанбе-Чаноқ ҳам дар амон намонд. Роҳҳо муваққатан  баста шуд. Бо нияти худоҳофизӣ ба ҷиянчаҳои қаҳрамон банда низ азми сафар ба Душанбе доштам. Сафар баромадему овозаи "роҳ маҳкам" ба гӯш расид. Андак интизор шудем, бинем ба мусофиркашонҳо ягон бовар нест, ҳар кас чизе хоҳад мегӯяд. Маҷбур шудам ба хати доимоамалкунандаи “IRS” занг занем.

Муфассалтар...
Ҳамдиёрони гиромӣ!

Чанде пас соли нави мелодии 2022 фаро мерасад. Дар робита  ба ин,  шумо, аҳли хонавода ва кормандонатонро самимона табрик мегӯем ва тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоем.  Боварӣ дорем, ки мо дар соли нав низ якҷо бо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо