ЭЙ АҒБА КУНУН ШУНАВ, КИ МО ОБОДЕМ

Ёдовар шудан ҳатмӣ аст, ки солҳои қаблӣ роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ  ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  шуда, шаҳрвандон ҳар рӯз дар роҳ бо мушкилоти зиёд дучор гашта, теъдоде аз  одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд.

  Ҳикояи мазкур, ки ба қалами рӯзноманигор ва омӯзгор Қамариддин Одинаев тааллуқ дорад, воқеияти он замонро дар заминаи далелҳои раднопазир бозгӯйӣ кардааст:

 

ЭЙ АҒБА КУНУН ШУНАВ, КИ МО ОБОДЕМ

                                                  (Ҳикояи воқеӣ)

   Муаллим Раҳим таътили тирамоҳиро интизорӣ мекашид, зеро мехост писари чордаҳсолаашро, ки фарзанди охиронаш ҳаст, ба Хуҷанд бараду боз ҳам аз назорати духтур гузаронад, зеро ин писари ягонааш ҳангоми таваллуд, ба гуфти духтурон, осеб гирифтаасту бояд то ҳаждаҳсолагиаш дар назорати қатъии табибон бошад.

   Он бегоҳ пурра барои сафари Хуҷанд омодагӣ диду ҳамсараш Азиза ҳам барои онҳо он рӯз хамир кард ва нону кулча омода кард. Ҳарчанд муаллим Азизаро таъкид кард, ки бемор асту худашро дар азоб намонад, лек ин модари кӯҳистониро магар мешуд исрор намуд, ки ин корашро накунад ;

 -Азиза, ту худат мадор надорӣ, ҳозир давраи фаровонӣ, ҳама чиз дар мағозаю бозорҳои шаҳр ҳаст, чаро худатро дар азоб мемонӣ?

 - Дар роҳ гурусна ҳам монед, мехӯред.

 -Э Азиза, Азиза. Магар туро мешавад, ки аз чунин корҳоят нигаҳ дошт? Замоне ки ба ноҳия расидем, зуд ягон таксиро киро мекунему баъди се соат бо хости Худо ба Хуҷанд ҳам мерасем. Охир, хозир роҳҳо нағз, он ағбаҳои пешӣ не-ку…

Инро гуфту зуд лаб газид. Пушаймон гашт аз ин сухани беандешаю ногаҳониаш. Эҳсос кард, ки ҳамсараш Азиза аз ин сухани ӯ андаке ранҷид, ки рӯяшро ба дигар тараф гардонду оҳиста бо кадом баҳонае ба хонаи дигар рафт...

Субҳи барвақт ҳамроҳи писараш Умед ба ҳамсараш хайрухуш карданде ба таксихои ба маркази ноҳия мерафтагӣ нишастанд ва дар фурсати як соат ба таваққуфгохи мошинҳои Хуҷанд расиданд. Он ҷо ҳам интизориашон тӯл накашид. Зуд наздашон як мошини сабукрави хориҷӣ истоду онҳоро савор кард ва ҳатто ронанда ваъда кард, ки то ҷойи лозимиашон ба шаҳри Хуҷанд бурда мерасонад.

    Ронандаи ҷавон дар назари муаллим хеле чолоку айёр менамуд. Ҳамагӣ дар давоми даҳ дақиқа мошин аз маркази ноҳия ба фарози роҳи ағбаи Шаҳристон расид ва дар ин масири роҳҳои ҳамвору пурпечутоб босуръат ба пеш мерафт. Дар ҳар як гардиш мошин мисли гаҳвора алвонҷ мехӯрд ва муаллим Раҳим , ки дар шафати ронанда нишаста буд, агар дастқапи пахлуяшро намедошт, шояд ба болои ронанда ҳам афтида мемонд. Ҳатто як ҳамсафари дар қафо , пахлуи Умед нишаста ҳар замон аз ронанда хоҳиш мекард, ки оҳиста ронад, аммо  ронандаи якрав дар ин роҳи ҳамвори асфалтпӯш ҳавасмандона бо ҳамон суръат мошинро меронду меронд.

    Муаллим ҳам, ки дар гузашта мошин дошту ронандагӣ кардааст, аз он хавотир буд, ки ронанда муҳаррикро азоб дода истодааст ва дар ин ҳолат оби мошин гарм шуданаш мумкин аст. Билохира, тахмини муаллим ҳам дуруст баромаду мошин ба нақб нарасида, аз пешаш буғи об баромадан гирифт. Ронанда ҳам ин ҳолатро эҳсос карду мошинро дар канори паҳноии даромадгоҳи нақб нигаҳ дошт. Муаллим, баъд аз оне ки дид писараш дар нишастгоҳи қафо хобидааст, аз мошин пиёда шуд. Дар ин фазои кушод чӣ манзараи ҳаловатбахше дорад кӯҳистон.

   Муаллим ҳам аз накҳати форами ин баландии кӯҳсор бо ҳаловат як нафаси чуқур гирифт. Болои харсанги канори роҳ гузашту нишаст.Ба манзараи табиати ин ҷо назар кардан чӣ ҳаловатбахш аст. Ана дар поён агар манозири тиллогуни тирамоҳи дилкаш аст, аммо дар сари қуллаҳои кӯҳҳои ин ҷо барфҳо рӯёрӯи ҳам хобидаанд. Воқеан, дар ин манзара як табиату ду фасл ҷилвагар аст. Ана он қуллаҳо шабеҳи палангеанд, ки фақат ранги сиёҳу сафед доранд.

    Ба ин қуллаҳо назар карда муаллим мунозираи дирӯз бо ҳамсарашдоштаи худро ба хотир овард . Дарвоқеъ ҳам сухани бемавқеаш дили ҳамсарашро ранҷонида буд. Охир ба он ҳодиса худи муаллим чӣ гуноҳ дошт? Мана ҳамин қуллаҳои хомӯш шоҳиданд, ки он рӯз аз сари муаллиму ҳамсараш дар ҳамин ағбае, ки имрӯз дар назди шоҳкориҳои инсон мағлуб гаштааст, чӣ ҳодиса гузашту боиси то ба имрӯз дар беморхонаҳою назди табибон сарсонию саргардониашон гардид.

  Он замон, ҳанӯз чордаҳ сол муқаддам айёми фасли зимистон буду ҳамсараш Азиза барои ана ҳамин писараш Умед ҳомила буд. Духтурони беморхонаи марказии ноҳия мунтазам аз ҳолати ҳамсараш назорат мебурданд, вале ҳолати ҳомиладории Азиза хеле нигаронкунанда буд. Табибон дар ӯ иллати гурдаҳо ва осеби сутунмуҳраро муайян карда буданд. Дар шароити беморхонаи ноҳия таваллуд кардани чунин бемор бо ин гуна иллатҳо хеле хатарнок буд. Замони таваллуд ҳам фаро расид ва табибон ба муаллим маслиҳат доданд, ки беҳтараш Азиза дар шаҳр таваллуд кунад.

    Ҳамон рӯз як мошини УАЗ-ро киро карду озими шаҳри Хуҷанд шуданд. Аввали рӯз ҳаво офтобӣ буд. Касе гумон намекард, ки пас аз нисфирӯзӣ барф меборад. Он рӯз пас аз гузашти се соат онҳо маҳз аз гардиши нақби ҳозира ҳамагӣ ду километр боло рафтанду халос. То ба ин ҷо расидан аллакай барфи шадид боридан гирифт. Мошин гӯё хазида-хазида пеш мерафт, зеро аз пеш мошинҳои зиёди боркаш барои боло рафтани онҳо халал мерасониданд. Билохира, бо гузашти ду соати дигар онҳо то ба болои ағба расиданд. Дар нишебии ағба ду гардиши дигари хатарноку тармафаро буд. Хаво ҳоло ҳам беист меборид.

    Ҳамаи мошинҳо таваққуф карданд, зеро хабар омад, ки поёнтар аз онхо тармаҳои зиёде фаромадаанд. Дигар чӣ илоҷ карданашонро намедонистанд. Ронанда ҳам аҳволи онҳоро дарк кард, вале илоҷ надошт. Ба қафо баргаштан ҳам имкон надошт, зеро пас аз онҳо низ мошинҳои зиёде қарор доштанду дар тумани ғафс ва боришоту бодкӯби барф анҷоми ин қаторро дида намешуд.

    Ба муаллиму ҳамсараш ҳамсафарон маслиҳат доданд, ки ҳарчанд хатари зиёд дорад, илоҷе кунанду ҳамин ду гардишро пиёда убур кунанд, зеро дар поён низ мошинҳо ҳастанд, аз байни онҳо ягон таксиро киро кунанду ақаллан то Шаҳристон расанд. Муаллим, ки чораи дигар надошт, ба ин маслиҳати шариконаш розӣ шуд. Дар он ҳолат ду ҷавони дигар, ки аз куҳистони Мастчоҳ буданду ба Хуҷанд барои овардани беморонашон аз беморхона мерафтаанд, ҳамсафари муаллим шуданд ва ваъда карданд, ки то поёни ағба ба онҳо ёрдам мекунанд.

     Аз болои ҳамаи либосҳои танаш боз як ҷомаро ба бар карда, миёнашро бо як ресмон баст ва гарданбандашро ба рӯяш печонид. Дар ин ҳолат танҳо ду чашмонаш намудор буданд, ки дар он ҳам айнаки сиёҳи офтобӣ гузошт, зеро шамол ҳар гоҳ барфро ба чашмонаш мезад ва имконияти биноӣ тамоман маҳдуд мешуд. Азиза низ он чӣ либосе, ки дар борхалтааш буд, ба бар кард ва онҳо бо ду ҳамсафари худ оҳиста-оҳиста ба роҳ баромаданд.

   Ҷавонҳо пештар барфро пай мезаданду муаллиму занаш аз қафои онҳо. Азиза зиёд роҳ гашта натавонист, зеро дар ин давраи ҳомиладорӣ пойҳояш варам доштанд ва ҳатто пойафзолхояшро базӯр мепӯшид. «Болои сӯхта намакоб» баъди даҳ-понздаҳ қадами роҳгардӣ аллакай пойафзолҳояш тар шуданд ва ҳатто ҷӯробҳояш нам кашиданд. Роҳгардӣ барояш тамоман мушкил шуд, нафасаш ҳам якка шуд. Азиза аз муаллим хост, ки андаке дам гиранд, аммо муаллим розӣ нашуд.

    Аз нақли гузаштагон медонист, ки дар ин ҳолатҳо, агар одам дар ағбаҳои баланд дам гирад, он ба таъсири фишори атмосферӣ алоқаманд аст, одамро хоб бурданаш мумкин ва агар хобаш барад, дигар бедор намешавад. Аз ин рӯ, ҳамсарашро маҷбур месохт, ки роҳ гардад. Баъди фурсате дигар кор аз кор гузашт. Онҳо аз дигар ҳамсафарони худ хеле қафо монда буданд. Он ду ҷавон, ки дар тумани ғафс ғоиб гашта буданд, аз хавотирии муаллиму ҳамсараш дубора ба назди онҳо баргашта омаданд. Диданд, ки Азиза дигар мадори роҳгардӣ надорад, муаллимро маслиҳат доданд, ки ҳамсарашро ба пушти худ гирад. Чораи дигар надошт. Борхалтаашро ҷавонҳо гирифтанд ва ӯ ду бари ҷомаашро кушоду ҳамсарашро ба пушти худ бор кард.

    Баъд аз  як гардиш, хайрият, ки андаке абру туман тунук шуд ва онҳо масофаи зиёдтарро медидагӣ шуданд. Бо ин имконият суръати ҳаракати худро афзун карданд ва ба гардиши дуюм расиданд. Дар гардиши дуюм як трактори тасмачархи фарсуда машғули тоза кардани барфу тармаҳо буд. Хайрият, ки ин гардиш масофаи кам дошт, вале ба мушоҳида мерасид, ки боришоти шадиди барф, ки ҳоло ҳам идома дошт, ҳар замон аз паси трактор роҳи тозашударо боз ҳам бо барф пур мекард. Дар ғавсии туман поёнтар чанд мошини сурху кабуд намудор гашт. Муаллиму ҳамсафаронаш бо чӣ қадар азобу машаққат худро назди мошинҳо расониданд.

   Як мошини «Нива» ҳам замони расидани онҳо нияти баргаштро доштааст. Ҳарчанд ки дохилаш пури бору коло буд ва чор нафар мусофир дошт, бо далолати чанд тани дигар мусофирони ин ҷо буда ронандааш розӣ шуд, ки то Шахристон танҳо муаллиму ҳамсарашро савор кунад. Мусофирони ин мошин ҳам ҳолати муаллиму ҳамсарашро дида, дилашон реш шуд, зеро тамоми либосҳои онҳо дар баданашон ях карда монда буд. Илова бар ин,  як пойи Азиза тамоман ҳаракат надошт ва ӯро бардошта дар нишастгоҳи пеши мошин бор карданд. Аз кумаки ин дӯстони ношинос чунон хурсанд буд, ки ҳатто ё аз шодӣ ё аз хорӣ ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Ин ҳолати худашро замоне ҳис мекард, ки чашмонашро зери айнаки сиёҳ зиёдтар хунукӣ фаро мегирифт.

   Аз Шаҳристон боз як мошини дигарро киро карду худи ҳамон шаб ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд расиданд. Духтурон ба муоинаи Азиза шурӯъ карданд. Ҳолати Азиза хеле вазнин буд. Ба гуфти табибон кӯдаки батнаш низ осеб дидаасту шояд бо ягон нуқсон ба дунё ояд. Илова бар иллати гурдаю сутунмуҳра як пойи Азизаро сармо зада буд. Духтурон гуфтанд, ки агар дар ағба Азиза ҳаракат карда метавонист, шояд ба чунин ҳолат гирифтор намешуд. Муаллим Раҳим ба духтурон чизе нагуфт, зеро он машаққатро танҳо худашу ҳамсафаронаш шоҳид буданд.

   Билохира, бо нуқсони сармозадагӣ табибон се ангушти пойи рости Азизаро буриданд. Баъд аз  ин ҷарроҳӣ Азиза ҷарроҳии дуюмро ҳам паси сар карду писарашро ба дунё овард. Баъди ташхиси духтурон маълум гардид, кӯдаки навзод фишори сахти майнаи сар дорад ва то замони балоғаташ мунтазам бояд дар назорат бошад. Азизаю муаллим Раҳим ин фарзандашонро, ки баъди се духтар бо ин қадар азобу машаққат ба дунё омад, бо умед Умед ном гузоштанд, ки ояндааш нек бошаду дар рӯзгори онҳо тамоми орзуҳояшонро амалӣ созад…

-Муаллим, меравем?- гуфта якбора садо баланд кардани ронанда муаллимро аз дунёи андешаҳояш раҳо кард.

- Меравем, меравем, мошинро таъмир карда тамом кардед? - ба худ омада пурсид муаллим.

 - Бале, камтар об баланд шудаасту аз як лӯлаи болои муҳаррик андак об рехтааст. Каме сахт кардем, дигар нагузаронд,- бо оханги гунаҳгорона ҷавоб гардонд ронанда.

   Ҳама ба мошин нишастанд ва дар муддати ҳафт дақиқа мошин ҳам ба қисмати шимолии нақб гузашт. Мошин акнун дар нишебии роҳи ҳамвори асфалтпӯш боз ҳам суръаташ афзун гашт. Муаллим тирезаро поин овард ва андаке сарашро берун карду ба болои ағба нигарист ва мушоҳида кард, ки ҳамон ду гардиш дар қуллаи ағба сап-сафеду барфпӯш ва андаке бо изи роҳи мошингарди қадима намудор аст. Тирезаро боло кард ва боз хомӯшона ғарқи афкору андеша ба пеш нигарист. Ба манзараҳои арчазори сабзи ин ҷониби нақб нигоҳ мекарду ҳоло ҳам аз банди хаёлоти азобу ранҷҳои ин ағба халос намегашт.

    Хаёлоти он замон барояш ҳузнангез буд, вале қалбаш аз ин ободкорӣ шодию фараҳ дошт ва шукрона ҳам мекард, ки аввалин иқдоми Роҳбари хирадсолори кишвараш дар масири эъмори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёди нақбҳои “Истиқлол”-у “Шаҳристон” буд. Воқеан ҳам, ин ибтикорот қабл аз ҳама мардуми водии “Зарафшон”-ро аз банди азобу уқубатҳои роҳҳои ағбаҳои Анзобу Шаҳристон раҳо кард, мамлакаташро ба як давлати воҳид табдил дод ва акнун дар ҳама фаслҳои сол ҳамватанонаш ба ҳама гӯшаю канори кишвар рафтуомади бемамониат доранд.

  Мардона бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чанок хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз  минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст. 

     Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.  Аслан роҳҳо баъд аз чанд соли ба истифода додан, новобаста аз нигоҳубин, вайрону валангор мешаванд. Ба назари банда дар чунин вазъият, бо истифода аз таҷрибаи роҳи  «Душанбе - Чанок», ки давлат барои истифодаи он ягон сомонӣ харҷ намекунад, ба манфиати кор аст.

  Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе - Чанок» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад ва бо мақсади тасмимгирии дуруст ва гирифтани таҷриба бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар соҳаи роҳсозӣ муносибатҳои шарикиро ба роҳ мондааст.  

  Дар дохили мошин боз ҳам он суруди мащҳур бо овози марғуладори кадом ҳофизи мастчоҳӣ ва оҳанги зебои фолклори Зарафшон, такрор ба такрор аз магнитофон садо медод ва муаллим Раҳимро боз ба дунёи хаёлоти ин замону он замон мебурд:

 Эй ағба, кунун шунав, ки мо ободем,

 Он роҳи туро ба барфу борон додем…

 

Қамариддин Одинаев,

рӯзноманигор ва омӯзгор

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо