Пардохти ғайринақдӣ. Чаро “IRS” ба тавсеаи он таваҷҷуҳи хос дорад?

 

 

Оператор оид ба  нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе  — Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати   беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ, ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст.

Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазҳои толлингӣ дар қиёс ба пардохти нақдӣ,  ройгон пешниҳод намудани  RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои пардохтӣ  ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешавад.

Истифодабарандагони роҳ  бояд  дарк намоянд, ки пардохти ғайринақдӣ аз тариқи  RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва  кортҳои пардохтии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад.

Қабл аз ҳама, бояд зикр намоем, ки ин иқдом на ба хотири ба даст овардани даромади иловагӣ, балки бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ,  кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ,  роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ гардид. Чунин тарзи кор, ки паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.

Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат  ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.   Илова бар ин, иқдом   ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.  

Муҳим он аст, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст.

 Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳамеша “чароғаки сабз” фурузон мегардад.

Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз  кортҳои пардохтии “IRS”  истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад.  Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. 

Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман  аз байн равад.

Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА  (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд.    

Ёдовар бояд шавем, ки моҳи апрели соли 2016  мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд».

Ба  густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он мебошад, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ низ фаъол  аст.

 Бо дарки масъулият мегӯем, ки пардохти ғайринақдӣ барои истифодабарандагони роҳи Душанбе – Чанок ба  маънои томаш кумакрасони беминнат аст. Ба шарте, ки моҳияти онро  дарк намоянд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо