АЗ МЕҲНАТИ ДИГАРОН НАБОЯД БЕҒАМ БУД

 

 

Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қавле «дар пӯсти худ эҳсос кардам»-у тасмим гирифтам ин мақоларо нависам. Зеро мардум бояд аз асли воқеа бохабар бошанд, то ба он баҳои воқеӣ дода тавонанд.

Тавре иттилоъ дорем, рӯзҳои охир дар мамлакат, хоса минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф шиддат гирифта, тармафароӣ хеле зиёд буд. Дар қатори  онҳое, ки шаби 12 марти соли равон дар  роҳи Душанбе – Чаноқ  қарор доштанд, модари ман низ буд.

  Тавре модарам нақл кард, дар ин масир тармафароӣ хеле зиёд ва  баландиву пазноии онҳо қабили мулоҳиза буд. Бино ба гуфти ӯ, теъдоди тармаҳои хурду бузурги фаромада, қариб 70 адад буда,  барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали “IRS” аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд. Баландии баъзе тармаҳои то 15 метр ва паҳноӣ зиёда аз 200 метр буд. Аз ин лиҳоз, мусофирон дудила буданд, ки дар рӯзҳои наздик роҳ шояд роҳ кушода нашавад.

   Маҳз  азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони ширкати зикршуда боис шуд, ки дар муддати кутоҳ монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд. Барои зудтар рафъ намудани пайомадҳои ин офати табиӣ 36 техникаву механизмҳои “IRS”  сафарбар шуда, Директори филиали  “IRS”  Нодирҷон Сафаров дар маҳалли тармафароӣ қарор дошта, раванди бартарафсозиро роҳбарӣ кард. Омили дигаре, ки модарам махсус таъкид карданд, аз ҷониби “IRS”  ба ронандагону мусофирон тақсим кардани озуқа буд. Ин омил шаҳодати он аст, ки роҳбарияти ин ширкат ба арзишҳои инсонӣ таври хоса арҷ мегузоранд.  

Тибқи суханони модарам, боришот то ҳадде шадид ва беист буд, ки ногуфтанӣ… Ҳол он ки дар Душанбе аз барф нишоне набуд. Аксар мусофирон эътироф кардаанд, ки  қаблан мепиндоштаанд, ки масъулини “IRS”  вобаста ба боришот ва тармафароӣ аз ҳад зиёд воҳима мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ диданду ба даҳшат афтодам.

-Муҳимтар аз ҳама,  бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона низ қатъ нагардидааст.  Ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори Ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне ки  ҳама масти хобанд, кормандони Ширкат баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд.-афзуд модарам. 

  Мардуми зиёд, ки  ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд,  ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  сафарбар шуданд,  тармаҳо дар муддати кутоҳ бартараф гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ  ва моддӣ нарасид.

- Воқеан ҳам роҳи  Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур - кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода  ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!, - гуфтанд ронандагону мусофирон.

Модарам аз он қаноатмандӣ карданд, ки роҳ таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард мешуду техникаҳо бонавбат барфро тоза мекарданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки модари ман ва кулли мусофирон сиҳату саломат ба манзилҳояшон расиданд.

  Пас чаро мо аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор набошем? Чаро масъулиятшиносиву шабзиндадориҳои онҳоро арҷгузорӣ накунем?

Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки на ҳар кас ба иҷрои вазифаи худ муносибати ҷиддӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд ба меҳнати дигарон ба ҳеҷ ваҷҳ бетафовут набошем. Ба гуфти шоир:

Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ин буд бардошти  модари ман аз як сафар ва хулоса дар  бобати фаъолияти “IRS”. Мо бояд ба мардум иттилои дурустро расонем ва аз гуфтани ахбори нодуруст худдорӣ кунем:

Ҳар он кас, ки бар ту нагӯяд дуруст,

Чунин дон, ки ӯ душмани ҷони туст.

 

Лутфия Эшонқулова,

журналист, корманди ҳафтаномаи “Народная газета”

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо