ТАДБИРАНДЕШИИ БЕТАЪХИР ФУРӮРАВИИ РОҲРО ПЕШГИРӢ КАРД
Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.
Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Далели возеҳи ин гуфта тадбирандешии бетаъхир дар робита ба пайдошавии тарқиш дар километри 138 –уми роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ, ки хавфи фурӯравии ин қитъаи роҳро ба вуҷуд оварда буд, маҳсуб мешавад.
Бунёди пойдевори азим аз иқдомот дар ин самт ба ҳисоб рафта, дар муддати кутоҳ, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ амалӣ гардид. Таваҷҷуҳи хоса ба ҳолати роҳ андешаро дар мавриди воқеан ҳам, нигоҳбони масъулиятшиноси роҳи Душанбе – Чаноқ будани “IRS” тақвият мебахшад.
Бо дарназардошти аз минтақи релефаш душвори кӯҳистон гузаштани роҳи зикршуда рух додани чунин ҳолат зиёд ба мушоҳида мерасад. Барои мисол, 2 июни соли 2018 дар километри 138- ум, дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафт. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад.
Ду соат пас аз рух додани офат кормандон дар дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор намуда, тавассути он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ монданд. Худи ҳамон рӯз қитъаи фурӯрафта барқарор ва дар давоми як моҳ мумфаршкунии роҳ низ бо истифода аз асфалти хушсифат, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад...