Ҳамдиёрони гиромӣ!

 

 

Чанде пас соли нави мелодии 2022 фаро мерасад. Дар робита  ба ин,  шумо, аҳли хонавода ва кормандонатонро самимона табрик мегӯем ва тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоем.

  Боварӣ дорем, ки мо дар соли нав низ якҷо бо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон сафарбар менамоем.

 Умед дорем, ки соли  2022 соли саъю талоши бесобиқа ва заҳмати содиқонаву аҳлона баҳри тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа мегардад.

Бори дигар  шуморо сидқан табрик гуфта, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоям.

 

Соли нави мелодӣ муборак !

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо