“IRS” ЯКЕ АЗ КУПРУКҲОИ АЗИМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚРО АЗ НАВ СОХТА ИСТОДААСТ
Мақоми меҳварӣ доштани таъмиру таҷдии роҳ дар фаъолияти филиали «IRS», бетаъхир тадбирандешӣ намудан вобаста ба офатҳои табиӣ ва эъмори инфрасохтори роҳ далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани ин корҳо иқдоми саҳлу сода набуда, хароҷоти хеле зиёд дорад. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, барои иҷрои корҳои зикршуда мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, корхонаҳои истеҳсолии марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.
Тавре аз муҳтавои шарҳҳои дар поварақи матолиби ба филиали Ширкат дахлдошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зангҳои телефонӣ аз тариқи хати доимоамалкунанда бармеояд, теъдоди шахсоне, ки баъди сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.
Илова бар вазифаҳои номбаргардида, нигоҳдории 38 купрук низ ба зиммаи филиали Ширкат вогузор буда, масъулин барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо азми қавӣ доранд. Барои мисол, солҳои қаблӣ аз ҷониби “IRS” ду купруки азими масири Душанбе – Чаноқ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шудааст.
Ҳоло азнавсозии купруки азим дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ босуръат идома дорад. Купруки мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад, соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.
12 сентябри соли гузашта корҳо дар ин иншоот шурӯъ шуда, дар марҳилаи аввал, тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву азнавсозии пул ба зиммаи ширкати муътабари “Чайна Роуд” вогузор шуда, дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст.
Алъон корҳо босуръат идома дошта, чанде пеш насби пояҳои купрук, ки қолабрезӣ шудаанд, шурӯъ гашт. Ба сохтмони мазкур 45 мутахассиси ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди азнавсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр ( бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард) хоҳад расид.
Дар ин ин раванд масолеҳи босифати сохтмонӣ сарф шуда, умуру сифати кор зери назорати роҳбарияти филиали Ширкат қарор дорад. Ҳоло 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба сомон расида, масъулин ҷаҳду талош доранд, то ҳарчӣ зудтар купрукро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.