БАРОИ ЧӢ РАҲМАТ НАГӮЕМ???
Сеюми январ вазъ якбора тағйир хӯрду дар кӯҳпуштаҳо тармафароӣ ба мушоҳида расид. Аз ин тармафароиву барфрезӣ роҳи Душанбе-Чаноқ ҳам дар амон намонд.
Роҳҳо муваққатан баста шуд. Бо нияти худоҳофизӣ ба ҷиянчаҳои қаҳрамон банда низ азми сафар ба Душанбе доштам. Сафар баромадему овозаи "роҳ маҳкам" ба гӯш расид. Андак интизор шудем, бинем ба мусофиркашонҳо ягон бовар нест, ҳар кас чизе хоҳад мегӯяд. Маҷбур шудам ба хати доимоамалкунандаи “IRS” занг занем. Гӯширо як бонуи хушсадое бардошту бо адабу илтимосу узрхоҳии зиёд аз ҳолати роҳ гуфт.
Сомона, пойгоҳи хабарӣ ҳар лаҳза хабар аз ҳолати роҳ менавишт.
Дил тоқат накарду дертар боз тамос гирифтем, ин бор ҳам бо ҳамон лаҳни зебо ва боадабона бонуи хушлаҳн иттилоъ дод, ки роҳ ҳоло боз нест ва барои тозакунии роҳҳо кор ҷараён дорад. Ва ҳамин хел масъулони ширкати “IRS” дар баробари мардум бедорхобӣ намуда, роҳро боз намуданд. Ва ҳоло гузоришҳоро аз бародари гиромӣ Далер Абдулло мебинем, ки роҳ боз аст. Мардум менависанд, ки роҳҳо боз, техникаҳо равуо доранд.Шукри будани ширкати “IRS”.
Ҳамагон медонем, ки дар ин гуна ҳолат, на ҳама фаъолона кор мекунад. Бе ин ҳам, роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамин як роҳи одӣ нест ва болотар аз рисолати як роҳро иҷро мекунад. Дар замони шӯравӣ касе ҷасорати сохтани чунин роҳро ҳам надошт ва дар фасли сармо равуои мардум ба Душанбе аз Хуҷанду Зарафшон қатъ мегардид.
Гоҳ-гоҳе аз аз тариқи кишвари ҳамсоя мерафтанд, лек он ҳам ба таври ҳамешагӣ набуд.
Ҳоло дигар шукр ба истиқлол, ки дар ин давр роҳҳо бунёд карда шуданду ваҳдати мардум пайдо шуд. Ҳамин набудани шароит ва маҳдудияти ҳамасола дар фасли сард қариб ваҳдатро аз мардуми тоҷик рабудаву дар гуфтор ибораҳои " бачаҳои он тарафу ин тараф", мардуми он тарафу ин тараф" пайдо шуда буд, ки ба ҳамдилии тоҷик сахт латма зад. Вақте роҳ ба марказ пайваст нест, чандин проблемаҳои дигар дар музофот сар мезанад, ки оқибат ба маҳалгароӣ оварда мерасонад, ки оқибати он бадбахтии миллат мешавад.
Ҳарчанд, дар ин солҳои мустақилӣ хеле мардум якдигарро фаҳмидаву ёру бародар шуданд.
Ба чӣ хотир инро гуфтам, ба он далел, ки гоҳо мо сахт интиқод мекунем, вале як маротиба заҳмати шабонарӯзиву азоби кормандони ин ширкатро намебинем. Танқид хуб аст, аммо дар ин шабу рӯз, ки кормандони “IRS” шаву рӯз нахобида заҳмат мекашанд, ба ҷойи раҳмат тир задан ба ҷигарро мемонад.
Чаро як маротиба ба кормандони ҳамин ширкати IRS аҳсану офарин нагӯем?
Ҳо, ширкат пул мегирад, аммо мо 70 сол дигаронро хӯронидему обод кардем, барои дигарон сохтем, барои чӣ ба онҳое, ки барои осон шудани мушкили мо кор мекунанд, як маротиба раҳмат нагӯем? Як маротиба нонатон ҳалол бод, бачаҳои IRS нагӯем???
Ахири ахиран ба тоҷику тоҷикистонии худ, ҳамватани худ, ки он ҷо кор мекунад, раҳмат мегӯем.
Ҳамин заҳмати дишаба, ҳамин талошу бедорховии 24 соатаи кормандони ин ширкат каминаро маҷбур сохт, то бетараф набошем ва як маротиба ОФАРИН БАР ШУМО гӯем.
Ҳарчанд чунин ҳолат борҳо рух медиҳаду кормандони ширкати IRS саривақт онро бартараф месозанд.
АҲСАН БАР ШУМО КОРМАНДОНИ IRS!
НОНАТОН ҲАЛОЛ БОД!
Муҳаммад Саидов,
фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ