МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ БА ВАКОЛАТУ РИСОЛАТ ДАЛЕЛИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ АСТ

Ҳамватанони азиз шоҳиди ҳол ҳастанд, ки зиёда аз як ҳафта инҷониб дар мамлакат боришоти шадиди борон идома дорад. Бо мақсади огоҳии бештари шаҳрвандон, хоса онҳое, ки азми сафар тариқи роҳи Душанбе - Чанокро доранд, тасмим гирифтем, ки таври мунтазам дар сомонаи филиали Ширкат, воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолати роҳи мавриди назар ва корҳои аз ҷониби филиали Ширкат амалишударо дар заминаи далелу рақамҳо бозгӯйӣ намоем. Дар маҷмӯъ бо дарки масъулият мегӯем, ки кормандони мо рисолати хешро дар робита ба нигоҳдории роҳи зикршуда дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳатто шабона низ кормандони филиали Ширкат баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда камари ҳиммат бастаанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносиашон аст.

Шоми дирӯз ва имрӯз низ дар масири мазкур ҳолатҳои фаромадани сангпора ва лағжиши кӯҳпора ба қайд гирифта, дар муддати кӯтоҳ бо ҷалби техникаҳои пуриқтидор ва механизмҳо бартараф гардиданд. Ба шарофати ин тадбирандешиҳо ҳоло роҳ кушода аст ва барои ҳаракати бароҳат ва бехатар ягон монеа мавҷуд нест.

БА ШУМО РОҲИ САФЕД ВА САФАРИ БОБАРОР ОРЗУМАНДЕМ!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо