ПАЙОМАДИ БОРИШОТ ФИЛФАВР БАРТАРАФ ШУД
Сербориш омадани баҳори имсола ба маънои томаш нисбатан камбориш будани тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018-ро ҷуброн намуд. Шурӯъ аз ҳафтаи гузашта дар мамлакат боришоти давомдори идома дошта, ин омил сарбории онҳоеро, ки фаъолияташон ба нигоҳдории рабт дорад, дучанд намуд. Шоҳроҳи Душанбе – Чанок, ки моҳиятан дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, бо махсусиятҳои худ, ки дар минтақаи релефаш душвор ҷойгир будан яке аз онҳост, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазирмаҳсуб мешавад. Ин тамоюл дар рӯзҳои охир, ки боришот муттасил мебошад, бори дигар собит гардид. Муҳим он аст, ки кормандони филиали Ширкат рисолати хешро ҷиҳати нигоҳдории роҳи мавриди назар дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба чой оварда истодаанд. Ин аст, ки бо вуҷуди боришоти давомдор ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар масири мазкур таъмин мебошад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки пайомадҳои боришот-лағжиши кӯҳпора, омадани сел ва фаромадани сангпораҳо филфавр бо истифода аз техникаву механимҳо бартараф карда мешавад. Сари вақт бартараф шудани харсангҳои азим дар километри 137-ум далели бебаҳси ин гуфта аст.