ТАМОМИ КӮШИШҲО БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ШАҲРВАНДОН ВА ҲАРАКАТИ МУНАЗЗАМИ ВОСИТАҲОИ НАКЛИЁТ АСТ
Рӯзҳои охир бориши беисти борон дар баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ фаромадани сангпораҳоро ба амал овард. Ин ҳолат кори кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд намуд, зеро онҳо тавассути меҳнати шабонарӯзӣ ҳаракати муназзами нақлиётро дар роҳи мазкур таъмин менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳатто шабона низ кормандони филиали Ширкат баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда камари ҳиммат бастаанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносиашон аст. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор ки боришотро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд, фаромадани сангпора ва лағжиши кӯҳпора падидаи маъмулист.
Алалхусус, роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки қисмати зиёдаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз ин ҳодисаҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад. Хотиррасон менамоем, ки кулли техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон аз 181 адад зиёд аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, хати доимии филиали Ширкат бо шумораи 487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина филфавр тадбирандешӣ сурат мегирад.
Дар навбати худ, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!
БА ШУМО РОҲИ САФЕД ВА САФАРИ БОБАРОР ОРЗУМАНДЕМ!
Расмҳое, ки дар зер пешниҳод гаштаанд дурустии гуфтаи болоро собит менамоянд.