ДУРУСТУ САРИВАҚТӢ БУДАНИ ТАСМИМИ МО СОБИТ ГАРДИД

Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудан  андешидани тадбирҳои мушаххас, ки ба тамдиди муҳлати истифодаи роҳ мусоидат менамоянд дар сархати авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошту ин раванд давомдор аст. Пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд аз ҷумлаи ин иқдомҳо буда, бо ин мақсад филиали Ширкат нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсис дода, ҳамасола дар муддати муайян маҳдудияти мавсимиро барои воситаҳои нақлиёти гаронвазн ҷорӣ менамояд.

    Мутаассифона ҳастанд нафароне, ки то кунун моҳияту муҳимияти ин иқдомро дарк накардаву  дар баъзе ҳолат онро таҳриф низ менамоянд. Бо дарки масъулият мегӯем, ки корҳои дар ин самт амалигардида танҳо ба хотири эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайронашвӣ ва тамдиди муҳлати истифодаи он асту ба дигар омиҳо рабт доданашон комилан беасос аст.

   Матлаби дирӯз (9 май) дар сомонаи радиои “Озодӣ” нашршуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти Вазорати нақлиёти мамлакат низ дар ин самт фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшидаанд. Тибқи иттилои манбаъ, сохторҳои зиддахли вазорат “ҳаракати тақрибан 100 мошини борбарро дар марз бо Чин боздоштааст. Моликони мошинҳо барои интиқоли аз меъёр зиёди бор муттаҳаманд. Ин мошинҳо аз 2-юми май ба ин тараф дар терминали Тохтамиш, ҳудуди ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баландӣ дорад, нигаҳ дошта мешаванд”.

   Масъулони Вазорати нақлиёт ба радиои “Озодӣ” гуфтанд, ки мошинҳои боркаш аз ҳаҷми пешбинишуда бештар бор интиқол додаанд, ки хилоф ба меъёрҳои роҳҳои Тоҷикистон аст. Ин мошинҳои боркаш, ба гуфтаи масъули Вазорати нақлиёт, ҳоло аз 50 то 55 тонна вазн доранд ва дар сурати бо ин вазн ҳаракат карданашон ба роҳу пулҳо осеб мерасонанд. “Аксар мошинҳои боркаш аз 50 то 80 тонна бор ворид мекунанд, ки боис ба вайрон шудани роҳҳо мегардад. Бахусус, пулҳо корношоям мешаванд, ки бардоштани аз 30 то 40 тонна борро доранду бас. Ҷанҷоли вазорат бо ширкатҳои боркашонӣ доим сари ин масъала ҳаст”, - афзудааст масъули вазорати фавқ.

   Ҷойе, ки ҳоло мошинҳои боркашонӣ қарор доранд, тарозуи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон насб шудааст. Масъулони вазорат гуфтаанд, чанд дафъа ба ширкатҳои боркашонӣ ин масъаларо матраҳ кардаанд, вале онҳо ба интиқоли бори аз меъёр зиёд давом медиҳанд.  Муҳимтар аз ҳама, ба радиои “Озодӣ” иттилое дастрас шудааст, аз Чин то марзи Тоҷикистон молу маҳсулотро бо се мошин меоранд, вале пеш аз ворид шудан ба кишвар онро ба як мошин бор мекунанд. Зеро  дар Чин иҷоза намедиҳанд, вале ширкатҳои боркашонӣ ба дунболи манфиати худ харобшавии роҳҳоро сарфи назар карда, бо як мошин ва ҳаҷми зиёд ворид мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо