МОРО ЭЪТИРОФ ВА ФАЪОЛИЯТАМОНРО АРҶГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД
Ибтикороти мо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳият ва аҳдофи филиали Ширкат то ҳадде самар оварданд, ки давоми ду соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Мақолаи мазкур ба қалами журналист Холиқи Махмадназар таалуқ дошта, 25 апрели соли равон дар ҳафтаномаи Озодагон ба нашр расид.