ЭХТИЁТКОРУ ДАКИКНАЗАР БОШЕД РОНАНДАГОНИ ГИРОМИ
зеро тамоми ибтикору кушишҳои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба хотири таъмини сафари бароҳату бехатари ШУМО нигаронида шудааст
Тибқи иттилои Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алъон дар сархати расонаҳо қарор дорад, шурӯъ аз 16 то 18 апрели соли равон бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Ба гуфти кормандони ин ниҳод , дар ин рӯзҳо боронхои пуршиддат ва дар баланди 2500 метр бориши барф пешгуйи шудааст. Пешгўйӣ ва огоҳсозии шаҳрвандон рисолати сохторҳои зикршуда аст ва он набояд боиси ба таҳлука афтодани аҳолӣ гардад. Ба ибораи дигар, дар ин маврид «аз пашша фил сохтан» ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Табиист, ки хар фасл махсусиятҳои худро дошта, шаҳрвандон бояд аз ин ҳаводиси табиӣ дар ҳарос набошанд. Зеро сохторҳои марбута муваззафанд, ки барои таври муътадил ва муназзам пеш рафтани кору зиндагии шаҳрвандон ҷаҳду талош намуда, шароити лозимаро фароҳам созанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, шаҳрвандонро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз вазъи боду ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт. Шаҳрвандонро мебояд дар робита ба рух додани ҳолатҳое, ки ҳаводиси табиӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд, ҳангоми ҳаракат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оранд. Дар навбати худ, роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои боришот аз тамоми имконот самаранок истифода хоҳанд кард.
БА ШУМО, САРФИ НАЗАР АЗ ВАЗЪИ ХАВО САФАРИ БОБАРОР ВА ТААСУРОТИ НЕК ОРЗУМАНДЕМ!