Бархурди «Land Rover» бо мошини хизматӣ боиси ҳалокати корманди «IRS» гардид
Бо андӯҳи гарон иттилоъ медиҳем, ки нимарӯзии имрӯз (15 марти соли равон) дар километри 181-уми роҳи Душанбе бар асари бархурди мошини тамағаи «Land Rover», рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии филиали Ширкат корманди роҳ А. Каримов ба ҳалокат расида, корманди дигари роҳ И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид. Аз мошини «Land Rover» ягон нафар осеб надидааст.
Кормандони зикршуда аз нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон буда, замони рух додани фоҷиа онҳо дар масири мазкур машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд. Аз номи роҳбарият ва кулли кормандони филиали Ширкат ба наздикони марҳум А. Каримов изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳонем.
Аз он нигаронем, ки гардид, ки ағлаб маврид дар ҳолати хуб қарор доштани роҳи Душанбе – Чанок боис мешавад, ки баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро таври бояду шояд риоя накарда, аксар маврид сураъти ҳаракатро баланд менамоянд, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, эҳтироми ҳамдигариро ба ҷой намеоранд, ба талаботи мавҷуда бетафовутӣ мекунанд, ки хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро зиёд менамояд.
Биноан, аз кулли ронандагон даъват ба амал меорем, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷуда риоя намоянд. Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири таъмини ҳаракати бехатари мусофирону ронандагон нигаронида шудааст.