Талош ҷиҳати иҷрои рисолат хобро аз дидаҳои масъулин рабудааст
Шабзиндадорӣ барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав набуду нест. Хоса, дар мавсими боришот талош барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани рисолат хобро аз дидагони масъулин рабудааст.
Шаби 26 феврали соли равон аз ҳамон ҷумла буда, тармафароӣ (километрҳои 69-72), лағжиши сангпораҳо (дар километри 20 ва 39), боришоти шадиди барф (аз километри 66 то 73 ва 157 то 160), бориши беисти борон (дар километрҳои 10-66 ва 83-157) сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, ба маънои томаш шабзиндадор буданд. Роҳбарияти филиали Ширкат низ тамоми шаб дар канори кормандон қарор доштанд ва умури корҳо зери назорати ҷиддӣ қарор дошт.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор , ки боришотро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кўҳистони мамлакат мегузаранд фаромадани сангпора ва лағжиши куҳпора падидаи маъмулист. Алалхусус, роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати аъзамаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз ин ҳаводис зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконоти инсон аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани ҳолатҳои зикршуда (манзур тармафароӣ, лағжиши сангпора ва ғайра аст) кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд.
Айни замон ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар ин масир таъмин буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки зимни ҳаракат дақиқназару эҳтиёткор бошанд. Роҳбарият ва кулли кормандони филиали Ширкат ба шумо роҳи сафед ва сафари бехатар таманно доранд.