Ба бошандагони «Чорбоғ» 100 курсӣ тақдим шуд
Таҷлили ҷашну чорабиниҳои гуногун аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси мардуми мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ-некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд. Биноан, мардум дар рӯзҳо ҳамрадиф бо таҷлили бошукўҳи ҷашнҳо, ба аёдати табақаҳои осебпазири ҷомеа мераванд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд.
Баҳри ҳамовозӣ ба ибтикороти инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хайриявии хешро беш аз пеш густариш бахшидааст. Дар арафаи таҷлили 25 - солагии таъсисиёбии Артиши миллии мамлакат ба аёдати бошандагони Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» рафтани кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели собитқадам будани ширкати мазкур дар ин ҷода аст. Ин навбат бо супориши роҳбарияти филиали Ширкат ва дар асоси дархости роҳбарияти Муассиса ба бошандагони ин макон 100 дона курсӣ тақдим карда шуд.
Тавре масъулин гуфтанд, бо ин мақсад филиали Ширкат зиёда аз 12000 сомонӣ харҷ кард. Шоистаи зикр аст, ки ин иқдоми аввалину охирини роҳбарияти филиали ширкати мавриди назар вобаста ба масъалаи мазкур набуда, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» раванди муттасил аст.
Ёдовар мешавем, ки филиали Ширкат дар давоми чанд соли охир сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро низ ба зимма дошта, аз ҷониби филиали Ширкат таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни муассиса, ки дар ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд. Илова бар ин, филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба муассисаи мазкур маводи хурока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизоти пуриқтидор барои шуридани хамир, мизу курсӣ ва тафдони бузургҳаҷм барои ошхонаро низ тақдим намуда буд.