Сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва роҳ бо ҳам пайвастагӣ доранд

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, яке аз роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳрикбахши рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.  Маҳз бо назардошти ин омил, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  гардид.    

Бегуфтугӯ, ин рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияву созмонҳои соҳавӣ ва дар маҷмӯъ кулли тоҷику тоҷикистониёнро рӯҳбаланд намуда, баҳри рушди бемайлони соҳа такони ҷиддӣ мегардад. Маълумоти оморӣ аз он ҳокианд, ки сайёҳӣ  пас аз соҳаҳои нафту газ дар ҷои дуюм меистад. Агар аз содироти маҳсулот  асъори хориҷӣ ба иқтисодиёт ворид гардад, пас соҳаи сайёҳӣ низ ба кишвар  асъори хориҷиро ворид менамояд. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, ҳар як сайёҳ зимни сафар ба ҳисоби миёна аз 500 то 750 доллари ИМА харҷ мекунад. Илова бар ин, сайёҳӣ ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақимро ба вуҷуд меорад. Дар раванди хизматрасонӣ ба сайёҳон кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, менеҷерҳо, маркетологҳо,  роҳбаладон, ронандагон, тарҷумонҳо ҷалб шуда, инчунин сайёҳон аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо, мағозаҳои фурӯши армуғон васеъ истифода мебаранд.

  Давоми чанд соли охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, таъсиси ниҳоди нав – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи ин гуфта аст. Дар маҷмӯъ, ибтикори ба рушди беш аз пеши соҳа мусоидаткунанда,  ки аз ҷониби сохторҳои зиддахл амалӣ шуда истодааст, қобили дастгирӣ буда, минбаъд тавсеа бахшидани он заруру ногузир мебошад. Роҳи Душанбе – Чанок, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консесионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, асосан аз минтақаҳои сайёҳии  кишвар мегузарад. Ба гайр аз ин, истироҳаткунандагон ба осоишгоҳҳои машҳури “Хоҷа Оби гарм”, “Баҳористон”, “Шифо”, “Зумрад” “Сафед-дара”, “Гулобод”, “Авис-сити”, Ҳавотоғ”, “Кохи Малика” ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд.

   Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он ба ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ѓайра мусоидат намуда, дар ин раванд омили калидӣ маҳсуб мешавад. 

 Ёдовар мешавем, ки бо қарори марбутаи Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи августи соли 1999 ноҳияи Варзоб минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардида буд. Ҳамрадиф бо ин, моҳи ноябри соли 2000-ум “Барномаи мақсадноки компексии рушди ноҳияи Варзоб” тасдиқ гардид, ки аҳдофи он ба иқдоми Ҳукумати мамлакат бобати минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон шудани ноҳия рабт дорад. Тибқи маълумоти дастрасшуда, айни замон теъдоди марказҳои истироҳатӣ танҳо дар ноҳияи Варзоб ба  400  -то расида, ин нишондиҳанда дар ҳоли афзоиш аст.

 Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, онҳа пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ѓайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд. Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст.  Далелу арқоми мавҷуда низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

  Тибқи иттилои дастрасшуда, дар ҷумҳурии мо низоми раводиди электронӣ ҷорӣ гардида, бо зиёда аз 80 кишвари олам низоми соддакардашудаи дастрас намудани раводид амал мекунад. Таҷрибаи мазкур дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя камназир ва пешқадам аст. Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамонияти сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид. Имрӯз дар мамлакат бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти муосири сайёҳӣ, аз ҷумла маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафеддара”, истироҳатгоҳҳои “Пули сангин”, “Баҳористон”, маҷмааи “СПА Ҳаёт”, як қатор меҳмонхонаҳои панҷситорадори бренди ҷаҳонӣ ва дигар иншоот бунёд гардида, як қатор иншооти инфрасохтори соҳа таҷдид карда шуданд.

  Боиси ифтихор аст, ки Ватани маҳбубамон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзвоти аз лиҳози экологӣ тоза, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш  сайёҳонро мафтун кардааст. Маъмулан сайёҳон асосан аз моҳи март-апрел то моҳи ноябр-декабр ба ҷумҳурӣ сафар мекунанд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо таҷдиду тармими Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» имкониятҳои ин мавзеъ ба доираи васеи сайёҳони дохилию хориҷӣ муаррифӣ карда шуда, айни замон сайёҳон дар фасли зимистон низ ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Табиист, ки дар ин ҷода филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъулият бар зимма дошта,  дар такомули соҳа саҳим аст.

  Дар маҷмӯъ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва роҳ бо ҳам пайвастагӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ, ки аксарият саёҳатро дар дохили кишвари мо тариқи роҳи заминӣ интихоб мекунанд,  нигаронида шудааст. Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикори навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати эълон намудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёву густариши  ҳунарҳои мардумӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда  мусоидат хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо