Ба таҳрифи воқеият набояд роҳ дод

Шарҳи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба садамаи дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа рухдода, ки бар асари он чор мусофир ва ронандаи мошин ба ҳалокат расиданд

 

Бо андӯҳи гарон иттилоро бобати он ки «15-уми феврали соли равон, соати 18:10 дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа ( берун аз масири роҳи Душанбе – Чанок) мошини тамғаи "Хонда-Серви” ба чуқурии 420 метр фурӯ рафта, бар асари он чор нафар мусофирон ва ронандаи мошин ба ҳалокат расиданд», дарёфтем.

Дар робита ба ҳолати мазкур ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳори тасаллият намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Таъкид менамоем, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, анънаҳои ниёгон ва расму оинҳои миллӣ аз мадди назари  роҳбарияти филиали Ширкат дур набуду нест. Мо дар ҳама ҳолат чунин ҳодисаҳои ногуворро чун мусибати худ қабул намуда,  аз рух доданашон мутаассифем.    

   Ҳамрадиф бо ин, мехоҳем аз он ёдовар шавем, ки садамаи мазкур, аниқтараш макони рух додани он аз ҷониби баъзе воситаҳои ахбори омма таҳриф шуда, чунин маънидод гардид, ки гӯё ин садама дар масири роҳи Душанбе – Чанок рух додааст. Ҳол он ки мавзеи рух додани садама аз роҳи Душанбе – Чанок панҷ километр дур аст. Биноан, зарур ва ногузир аст, ки ин омил зимни инъикоси садамаи мавриди назар ба инобат гирифта шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо