Намояндагии Зарафшон. Тадбирандешиҳои фаврӣ маҳаки фаъолият аст
Тибқи иттилои аз Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон дастрасшуда, дар давоми рӯзҳои охир сарбории кормандони намояндагӣ зиёд гардида, фаъолияташон дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок афзун гардид. Дар ин раванд ҳама- шурӯъ аз менеҷери минтакавӣ то кормандони одии роҳ фаъолона иштирок намуда, рисолаташонро таври бояду шояд ба ҷо оварда истодаанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки масъулиятшиносиву поквиҷдониашон омили асосии таъмин гардидани ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мавриди назар аст.
Биноан, кормандони намояндагӣ дар ин ҷода бетаъхир чораандешӣ намуда, бо истифода аз имконоти мавҷуда фаъолияти хешро беш аз пеш вусъат бахшиданд. Вобаста ба зарурат, дар давоми ҳар шабонарӯз бо истифода аз механизмҳои зарурӣ техникаҳои филиали Ширкат роҳро аз барф тоза намуда, пошидани маводи зиддилаѓжиш таври густурда амалӣ мешавад.
Масъулини намояндагӣ дилпуранд, ки сарфи назар аз вазъи боду ҳаво фаъолияташон чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараёнхоҳад гирифт. Муҳимтар аз ҳама, барои муваффақ будан дар ин самт дастгирии роҳбарияти филиали Ширкат ва шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ аст. Расмҳои ба матлаб замимагардида ин равандро бозгӯйӣ менамоянд.