ИҚДОМЕ, КИ НАФАРОНИ ЗИЁДРО  АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

 

Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд аз ҷониби “IRS” ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ин омил далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат ба  нигоҳдории роҳ бо дарки масъулият муносибат намуда, ҳаргиз бетафовутиро ихтиёр накардаанд. Ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти “IRS” оғоз гардидани бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ  идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб рафта, то ин замон дар масофаи 16000 метр чунин деворҳои ҳимоявӣ  эъмор шуданд.

  Қобили зикр аст, ки ҳангоми азнавсозии роҳи Душанбе  - Чаноқ бунёди деворҳои ҳимоявӣ (парапет) дар лоиҳа набуд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид. Садамаҳои  дар масири мазкур рухдода  шаҳодати ин гуфта маҳсуб мешавад.  Лозим ба ёдоварист,  ки ҳар як парапет зиёда 2,5 тонна вазн дошта,   дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла автомобилҳои гаронвазнро устувор мемонад.

  Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар роҳбарияти филиали Ширкат ин масъаларо мадди назар қарор дода, гузоштани чунин деворҳо идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо