СИРРИ КОМЁБ БУДАНИ "IRS"  ДАР НИГОҲДОРИИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ 

 

Роҳбарияти "IRS"  масъулиятшинос, кормандонаш соҳибкасбу заҳматпеша, пойгоҳи техникиаш пурқувват, фаъолияти корхонаҳои таъсисёфта муназзам, равобит бо шарикон густурда ва дар ҷодаи рушд собитқадам аст. Маҳз ин омилҳо замина фароҳам оварданд,  ки ширкати мазкур дар нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ  комёб бошад.

Махсусияти фаъолияти кормандони "IRS" вобаста ба нигоҳдории роҳи Душанбе  - Чаноқ боз дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар ягон мавсими сол бекор нестанд.  Далел: Агар дар фасли тирамоҳу зимистон коргарони мо ба рафъ намудани тармаҳо,  мунтазам тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш машғул шаванд,  дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, бартараф намудани пайомади бориши борон, омадани сел, лағзиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин кашидани хатҳои уфуқӣ,  тоза намудани ҷӯйборҳои шафати роҳ ва ғайра самтҳои асосии фаъолият аст.

 Нигоҳдории роҳи Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад.  Аз ин лиҳоз,  роҳи мазкур нигоҳубини 24- соатаро тақозо дошта, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он пайомад ногувор хоҳад буд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, ин иқдом ҷузъе аз шарикии Давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб мешавад.

Аз ҷониби дигар, бинобар аз  тарафи баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад, аксар қитъаҳои роҳ  вайрон шуда, зарурати тавсеа бахшидани таъмиру барқарорсозӣ хеле зиёд аст. Табиист, ки дар ин раванд ниёз ба маводи сохтмонии бахши роҳсозӣ, аз ҷумла асфалт хеле зиёд мегардад.

Лозим ба ёдоварист,  ки тӯли фаъолият аз ҷониби "IRS"  10 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти барои нигоҳдории роҳ зарур,  аз ҷумла асфалт бунёд гардида, дар ин замина таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе  - Чаноқ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани  корхонаи мазкур садҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтиҳо буҷети ноҳияҳое, ки дар онҳо корхонаҳои мазкур  бунёд гардидаанд,  ғанитар гаштааст. 

Муҳимтар аз ҳама, дар давоми  15 сол «IRS» зиёда аз 2,5 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад қариб  400 ҳазор тонна асфалт сарф кардааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мавсими имсола харҷи зиёда аз 30 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Азми масъулини филиали Ширкат барои омода кардани заводҳои истеҳсоли асфалт ба мавсими  имсолаи таъмиру таҷдиди роҳ қавӣ буда,  бо ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.  Таҷдиду навсозии заводи истеҳсоли асфалт дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд, ки иқтидори истеҳсолии ҳар кадом  қариб 100 тонна дар як соатро ташкил медиҳад,  далели возеҳи ин гуфта мебошад.  Илова бар ин, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо  километр роҳ таьмири куллӣ хоҳад шуд. 

Тавре маълум аст, таъмири роҳ махсусияти худро дошта, дар мавсими муайян амалӣ намудани ин кор яке онҳост. Аз ин лиҳоз бо фарорасии мавсими гармо ин раванд шурӯъ гардида, дар ин замина  нуқсонҳои роҳи зикршуда бартараф мешаванд. 

  

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо