Таъмири роҳ - раванди муттасил
Ин омил шаҳодати дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани масъалаи мазкур мебошад.
Бо бозсозӣ гардидани роҳи Душанбе -Чанок хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мавриди назар аз авлавиятҳо маҳсуб шуда, давоми ҳафт соли охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.
Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳанд ва коршиносон низ эътироф кардаанд, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбати хеле зиёд дошта, он пеш аз ҳама, ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва тамдид намудани муҳлати истифодаи он мусоидат намудааст. Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории ин роҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, роҳбарияти он дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст.
Дар давоми рӯзҳои охир кормандони филиали Ширкат дар километри 203-юми роҳ роҳро дар сатҳи хуб ва сифати баланд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ таъмир намуданд. Ба ғайр аз ин, дар километри 267 -ум корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарназардошти муҳимият амалӣ гардид.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ибтикори амалинамудаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок хеле зиёд буда, нафароне, ки тариқи он сафар намудаанд, дурустии ин гуфтаро тасдиқ менамоянд.