ТАДБИРАНДЕШӢ БАРОИ ТАВСЕАИ ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ

 

  Бисту дуюми июни соли равон бо тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалиёти нақдӣ завол ёфт.

  Тибқи фармони мазкур, аз 1 - уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

  Оператор оид ба  нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгарди Душанбе  - Чанок – филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ҷиҳати   беш аз пеш маъмул гардидани пардохти ғайринақдӣ, ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз плазаҳои толлингӣ тавсеа бахшидааст.

 Арзонтар будани маблағи гузариш аз плазҳои толлингӣ дар қиёс ба пардохти нақдӣ,  ройгон пешниҳод намудани  RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои пардохтӣ  ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалигардида маҳсуб мешавад.

   Истифодабарандагони роҳ  бояд  дарк намоянд, ки пардохти ғайринақдӣ аз тариқи  RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва  кортҳои пардохтии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад.

Ин иқдом  бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ,  кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ,  роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ гардид. Чунин тарзи кор, ки паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад.

   Сониян, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат  ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.   Илова бар ин, иқдом   ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад.

  Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо тариқи  ғайринақдӣ истифода намоянд.  

   Муҳим он аст, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст.  

   Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳамеша “чароғаки сабз” фурузон мегардад.

   Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз  кортҳои пардохтии “IRS”  истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад.  Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. 

   Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман  аз байн равад.

  Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА  (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд.  

  Бо дарки масъулият мегӯем, ки пардохти ғайринақдӣ барои истифодабарандагони роҳи Душанбе – Чанок ба  маънои томаш кумакрасони беминнат аст. Ба шарте, ки моҳияти онро  дарк намоянд.

  Дар маҷмӯъ,  ба  густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он мебошад, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  фаъол  аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо