«IRS» ИМСОЛ ЗИЁДА АЗ 30  ҲАЗОР ТОННА АСФАЛТ ХАРҶ МЕКУНАД

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад.

 Месазад ёдовар шавем, ки дар давоми фаъолият  «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 250 ҳазор  тонна асфалт сарф кардааст. Дар мавсими имсола доираи фаъолият нисбатан васеъ гардида, тасмим аст, ки  зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти «IRS» Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон  ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, корхонаҳои истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо