Бардошти меҳмонон мусбат буд
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 9- 10 – уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар хоҷагии роҳсозӣ» доир гардида буд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур иштирокчиёни он - роҳбарони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои хориҷи дур, намояндагони анҷуману ҷамъиятҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ ва мутахассисону коршиносони бахши нақлиёт аз плазаи толлингии «Варзоб»-и филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар километри 15-уми роҳи Душанбе –Чанок дидан намуданд.
Аз лаҳзаҳои аввали шиносоии меҳмонон бо фаъолияти плазаи мавриди назар қаноатмандӣ ва бардошти мусбат доштанашон баръало буд. Тавре онҳо иброз доштанд, роҳандозии фаъолияти филиали Ширкат бо чунин усул ва истифодаи технологияҳои навтарин, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам роиҷ мебошад, далели масъулиятшиносӣ ва ҳамқадами замон буданаш аст. Масъулини филиали Ширкат ба меҳмонон оид ба фаъолияти плазаҳои нав ва зарурати мавриди истифода қарор додани плазаҳои нав ба ҷои плазаҳои то ин замон амалмекарда маълумоти муфассал доданд. Минҷумла зикр гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал - 31 июли соли равон плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас - 30 августи соли ҷорӣ плазаҳои толингии Шаҳристон, Деҳмой ва 20 сентябр плазаи Истаравшан ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Махсус таъкид гардид, ки ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав хеле зиёданд. Барои мисол, пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле қулай гардидааст. Дар ин замина, ронанда метавонад василаи нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии марбут ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Навгонии дигари қобили мулоҳиза, ки дар асоси дархости шаҳрвандон рӯи кор омадааст, хизматрасонии “Клиент – Сервис” мебошад. Хизматрасонии мазкур имкон фароҳам меорад, ки дилхоҳ нафар суратҳисоби инфиродӣ кушода, аз имкониятҳои густурда ва убури бароҳат тариқи плазаҳои толлингӣ баҳравар гардад.
Меҳмонон ба он мароқ зоҳир намуданд, ки хизматрасонии мазкур имкон медиҳад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пардохтиро ғайринақдиро бо истифода аз воситаҳои электронӣ анҷом диҳанд. Дар ҳолати зарурӣ маблағ гузаронидан ба тавозун тавассути низомҳои пардохтӣ ва ҳуҷраи инфиродӣ дар сомонаи филиали Ширкат низ имконпазир аст. Омили мазкур барбари бартариҳои зикршуда, ҳамзамон ба шахсони ҳуқуқӣ барои огоҳ шудан аз самтҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти мутаалиқ ба онҳо шароит муҳайё месозад.
Аз он ёдоварӣ гардид, ки дар замина теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то расидааст. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон фароҳам меорад, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад. Ҷоиз ба зикр алоҳида аст, ки меҳвари ибтикори мазкурро таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ташкил дода, таваҷҷуҳ ба ин масъала ҷиддӣ аст. Омили дигари муҳим, ки ба шарофати мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав имконпазир мегардад рафъи тамбашавӣ дар роҳи мавриди назар аст. Эътироф бояд кард, ки айни замон баъзан дар плазаҳои толлингӣ тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси нороҳатии ронандагону мусофирон шудааст. Бартариҳои зикршуда шароит фароҳам оварданд, ки тамбашавӣ пурро аз байн равад. Бартарии дигар насби панелҳои иттилоотӣ дар ҳар хати ҳаракат маҳсуб шуда, омили мазкур боис шудааст, ки сатҳи иттилоотонии ронандагон болотар бардошта шавад. Дар панелҳои мазкур дар баробари иттилоъ бобати моҳияту навгониҳои фаъолияти филиали Ширкат, ҳамзамон оид ба вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳ ва дигар воқеоти муҳими ба масири роҳи Душанбе – Чанок рабтдошта ҷойгир шудааст.
Дар навбати худ меҳмонон ба ҷанбаҳои дигари фаъолияти филиали Ширкат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.