Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
9- 10 – уми ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар хоҷагии роҳсозӣ» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ роҳбарони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои хориҷи дур, намояндагони анҷуману ҷамъиятҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ ва мутахассисону коршиносони бахши нақлиёт ширкат намуданд. Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, махсус ёдовар гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи нақлиёт дар кишвар, бахусус бунёд ва таҷдиду навсозии роҳу купрук ва нақбҳо аҳамияти махсус медиҳанд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар роҳу нақбҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бунёд гардиданд, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари воҳид ва транзитӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби Осиё доман густурда, ҳамчун чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим шинохта шудааст. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофии худ ҳамчун кишвари пайвандгари давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупо ба шумор меравад. Биноан, барои рушди маҷмӯии бахши нақлиёт сармояи хориҷӣ беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷалб гардидааст, ки он ба сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди кишвар, пулу нақбҳо нигаронида шудааст. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо мақсади мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгарди кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ дар мамлакат як қатор лоиҳаҳо дар бахши таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардидаанд. Бунёд ва таҷдиди роҳи автомобилгари Душанбе –Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ- сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе-Кӯлоб- Қалъаи Хум-Хоруғ –Мурғоб –Қулма (марзи Чин), инчунин бунёди роҳи автомобилгарди Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Ш. Шоҳин- Шоҳон ва таҷдиди роҳи автобилгарди Душанбе –Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои ИДМ, мутахассисону коршиносон доир ба ҷанбаҳои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар бахши бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон дар самти бунёди роҳҳои автомобилгард, хусусан дар шароити минтақаҳои баландкӯҳ, низоми идора дар бахши нақлиёт бо дарназардошти истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи иқтидорҳо дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба роҳсозӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ табодули назар намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҳамоиши мазкур ҳайати кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Директори он Асомиддин Азизов фаъолона ширкат варзиданд. Намояндаи филиали Ширкат Бахтиёр Ҳаитов дастовардҳо ва нақшаҳои филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро рўнамоӣ кард, ки бо инобати ҷолибият ва қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш будани нишондиҳандаҳо ҳозирин бо мароқи хос мутаваҷҷеҳ шуданд.