Ҳаммеҳанони азиз!
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки аз лиҳози моҳият бахтномаи мо маҳсуб меёбад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осуда ва пирӯзиҳои бардавом орзу менамоям. Шоҳиди ҳол будем, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии ин санади волои миллии худро қабул карда буданд. Гузашти вақти на он қадар зиёд моро муътақид намуд, ки нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ хел муҳим аст.
Тавре мутахассисон эътироф намудаанд, «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд». Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд. Тавре аз муҳтавоояш бармеояд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро кафолат медиҳад.Ҳамрадиф бо ин, дар заминаи Конститутсия, бо дарназардошти талаботи замони муосир, дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ меҳвари ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Мутмаинам, ки ҳар як сокини мамлакат ин гуфтаро сармашқи кор медонад.
Ҷашн муборак ҳамватанони азиз!