Хатҳои уфуқӣ. Ҳолати онҳо дар мадди назар қарор дорад
Новобаста аз он ки соли равон филиали Ширкат ибтикори зиёд, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалмекарда, харидории 10 техникаи пуриқтидори махсусгардонидашуда, таъсиси дастаи оташнишонҳо, харидори автомобили сухторхомўшкунӣ ва ғайраро амалӣ намуд, роҳбарияти он ба таъмири роҳ минҳайси самти афзалиятноки фаъолият таваҷҷуҳи хос дошту дорад. Яъне, муносибат ба нигоҳдории роҳ ба ҳеҷ ваҷҳ дуюмдараҷа нест.
Нафароне, ки тариқи роҳи зикршуда сафар кардаанд, ки шоҳиди ҳол буданд, ки бо истифода аз техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмири куллӣ ва ҷорӣ дар масири мазкур ҷараён дошт. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки барои анҷоми корҳо мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб шуда, дар ин замина таъмини сифати баланди ибтикори фавқ масъалаи меҳварӣ маҳсуб мешуд. Барои пешбурди корҳо асфалти хушсифати истеҳсоли корхонаҳои марбут ба филиали Ширкат, ки фаъолияти пурмаҳсул доранд, истифода гардид.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз буда, ҳамрадиф бо ин омили аз лиҳози моҳият хеле муфид, роҳро зебову назаррабо менамоянд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро таври мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо беш аз пеш тавсеа бахшидаанд. Ранг намудани хатҳои уфуқӣ аз самтҳои афзалиятнок дар раванди фаъолияти Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб маҳсуб шуда, онҳо дар ин ҷода собитқадаманд. Давоми рӯзҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз километри 10 то 67-уми роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Иловатан таъкид менамоем, ки ин раванд дар 3 марҳила бо истифода аз техникаи махсусгардонидашуда амалӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина хатҳои уфуқии роҳ аз нав кашида мешаванд.