Таваҷҷуҳи хоса ба таъмири роҳ гувоҳи масъулиятшиносӣ аст

Бо дарки масъулият мегӯем, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмири роҳи Душанбе – Чанок хоса буда, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Далели возеҳи ин гуфта таъмири куллӣ шудани роҳ аз километри 145 то 160-ум  аст. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллии роҳ иқдоми саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёдро ба думбол дорад. Ба ибораи дигар, дар заминаи таъмири куллӣ роҳ батамом аз нав эъмор мешавад. 

 Нафароне, ки тариқи роҳи зикршуда сафар кардаанд, ки шоҳиди ҳол буданд, ки давоми чанд вақти охир  аз километри 145 то 160-уми роҳ бо истифода аз техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмири куллӣ  дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён дошт. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки барои анҷоми корҳо мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб шуда, дар ин замина таъмини сифати баланди ибтикори амалишуда масъалаи меҳварӣ маҳсуб мешуд. Барои пешбурди корҳо асфалти хушсифати истеҳсоли корхонаи марбут ба филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон, ки фаъолияти пурмаҳсул дорад, истифода гардид. Дар маҷмӯъ, умури назорати корҳои сохтмонӣ таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов қарор дошт ва ин омил замина фароҳам овард, ки сатҳу сифати таъмир ҷавобгӯи талабот бошад.

 Бо камоли хушнудӣ иттилоъ медиҳем, ки чанде қабл таъмир дар минтақаи мавриди назар анҷом пазируфт ва имкон фароҳам шуд, ки вайрониҳое, ки дар километрҳои зикршуда ронандагону мусофирон бо он қаблан  мувоҷеҳ буданд, бартараф шаванд.

Борҳо гуфтем ва иловатан таъкид менамоем, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати фавқуззикр, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад,  вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Новобаста аз ин бетафовутии як идда ронандагон, филиали Ширкат, ки  барои давраи муайян нигоҳдории роҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст. Биноан, бо  фаро расидани мавсими гармо дар чунин минтақаҳо таъмири куллӣ шурӯъ гардида буд. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки барои анҷоми  таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нест. Ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қитъаҳои валангоршудаи роҳ бозсозӣ мегарданд. Зикри ин нукта ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз муътақид гарданд, ки амалӣ намудани корҳои сохтмонии ба бахши роҳдорӣ рабтдошта дар марҳилаи боришот самарбахш ва роиҷ нест. Лозим ба ёдоварист, ки кашидани хатҳои уфуқӣ дар минтақаҳое, ки таъмири куллӣ шуданд, бо истифода аз техникаи махсусгардонидашуда сурат гирифт.  

Иқдоми  мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам ва дақиқкор буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо