Харидории мошини сухторхомӯшкунӣ ва таъсиси дастаи оташнишонҳо

Ин иқдомот идомаи мантиқ ии ибтикороти филиали Ширкати саҳ омии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳти таъмини бехатарии шаҳрвандон маҳсуб мешавад

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 10 феврали соли 2017 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида буд, ки дар он ҳамрадиф бо дигар масъулин, Директори филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов ширкат ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҳодисаҳои табиӣ дар давоми панҷ соли охир, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ дар пай гузоштаанд, изҳори таассуф карда, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ба рушди иқтисодиёти мамлакат таъсиррасон ва дастгирию кумаки ҳамаҷонибаи аҳолии зарардидаро аз тадбирҳои меҳварӣ ва муҳими сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сохторҳои дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии  «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеа бахшидани корҳо дар робита ба таъмини бехатарии шаҳрвандон  муваззаф намуда буданд.  

Дар ин замина, ба наздикӣ филиали Ширкат автомобили махсуси сухторхомӯшкуниро, ки ҷавобгӯйи талаботи замони муосир аст, харидорӣ ва барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ба нақби Шаҳристон сафарбар кард. Автомобили мавриди назар ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои табиӣ, хусусан наҷоти одамон, таъмини амнияту бехатарӣ истифода хоҳад шуд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки автомобили мазкур намунаи навтарину беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, дар асоси тавсияи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд. Барои фаъолияти муназзами он бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат дастаи махсуси оташнишонҳо, иборат аз 15 воҳиди корӣ   таъсис ёфта, нигоҳдории даста ва пардохти музди меҳнати аъзои он аз ҷониби филиали Ширкат амалӣ мегардад.

Дастаи мазкур дар нақби «Шаҳристон» мустақар шуда, барои онҳо макони будубош омода шудааст.  Роҳбарияти филиали Ширкат муътақиданд, ки бо дастгирии роҳ барияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат, хоса Вазири корҳои дохилӣ, генерал – лейтенант Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ба филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос ва назари нек дорад, фаъолияти дастаи навтаъсиси оташнишонии марбут ба филиали Ширкат дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо