Худоёр Худоёрзода қадрдонӣ шуд
Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Роҳбари мамлакат ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки саҳми шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.
Қадршиносии Пешвои муаззами миллат боиси ифтихори пайвандону ҳамкорони ашхоси мавриди назар буда, подоши хизмати содиқона Давлату миллат маҳсуб мешавад.
Ифтихормандем, ки муовини Директори филиали Ширкат оид ба нигоҳдории роҳ Худоёр Худоёрзода бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз шуд.
Дар ин робита номбурдаро табрик гуфта, сиҳатии осебнопазир ва саодати бардавоми рӯзгорро орзумандем!