Барфи аввал дар роҳи Душанбе – Чаноқ
Дар роҳи Душанбе – Чанок, километрҳои 156 -160 барфи аввал дар мавсими имсола борид. Тибқи иттилои аз Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон, ки нигоҳдории қитъаи мазкур ба зиммааш вогузор аст, бориши барф ба ҳаракати нақлиёт умуман халал ворид накарда, кормандони Намояндагӣ филфавр чораҳои дахлдорро андешиданд. Ногуфта пайдост, ки бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият ва зиндагӣ латма ворид хоҳад гашт. Бо ин мақсад ҳамасола қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти Ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба тасвиб мерасад. Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дидааст.
То ин замон барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон ба миқдори зарурӣ қум, намак, сӯзишвори дизелӣ ва сару либоси зимистонаи махусус барои кормандон захира шуда, ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр роҳи мазкур умуман баста набуд. Харидории зиёда аз 181 техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар Ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ хеле фаъол аст. Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистон ҳаракати нақлиёт дар роҳ таъмин гардад.