Плазаҳои филиали Ширкат пурра навсозӣ шуда, бо низоми ҷадид фаъолият доранд
18 октябри соли равон плазаи нави толлингии филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ба ҷои плазаи амалкунанда дар минтақаи Чойрух низ мавриди истифода қарор гирифт
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ 31 июли соли 2017 Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ намуда, ба ин васила як муддати кӯтоҳ ҳадафҳои пешорӯ гузоштаи роҳбарияти филиали Ширкат татбиқ гардиданд. Доир ба нақши муассири роҳ дар ҳаёти инсон зиёд гуфтаанду навиштаанд ва мо такрори онро ҷоиз намедонем. Ба андешаи инҷониб, суханони пурҳикмат ва қобили таваҷчҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати он ки «Роҳ ин иншооте мебошад, ки моро ба дунё мепайвандад ва қалби мардуми зиндаҷудои тоҷикро ба ҳам меорад. Бе роҳҳои хубу тахту ҳамвор, тараққиёти мамлакат ва пешравии иқтисодиётро тасаввур кардан аз имкон берун аст. Мо бояд ҳама вақт барои сохтмони роҳҳои нав ва таъмири роҳҳои мавҷуда маблағро дарёфт намоем ва роҳҳои нав ба нав созем», ки дар яке аз ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1993 иброз шуда буд, ба маънои томаш метавонад моҳияти масъалаи мавриди назарро бозгӯйӣ намояд.
Далелу рақамҳои мавҷуда шаҳодат медиҳанд ва коршиносон эътироф намудаанд, ки аз оғози фаъолият то ин замон кормандони филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулиятшиносии худ собит намуданд, ки қодиранд нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Давоми марҳилаи начандон тӯлонии фаъолият рушду такомул ҳадафи асосӣ ва масъулиятшиносӣ меҳвари кору пайкор буду ҳаст. Нуктаи муҳим он аст, ки филиали Ширкат барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро дорад. Оид ба ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав дар матлабҳои қаблан дар сомонаи филиали Ширкат ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр ва пахшшуда муфассал маълумот дода будем, ки хушбахтона аз ҷониби шаҳрвандон ба эътибор гирифта шуд.
Дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави Варзоб ва Ҳушёрӣ ба ҷои плазаҳои то он замон амалкунанда Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов зикр карда буд, ки “Дар маҷмӯъ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас плазаҳои толингии Шаҳристон, Истарвшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд фаъол хоҳанд шуд”. Боиси ифтихор аст, ки роҳбарияти филиали Ширкат ба қавли хеш устувор монда, дар як муддати кӯтоҳ ба ҷои тамоми плазаҳои то ин замон фаъол ( ба истиснои плазаи Майхура, ки барҳам дода шуд) плазаҳои нави ҷавобгӯи талаботи байналмилалиро мавриди истифода қарор доданд. Плазаи Чойрух охирин плазае буд, ки бо низоми пешин фаъолият мекард. Шурӯъ аз 18 октябри соли равон ба ҷои ин плаза низ плазаи нав ба фаъолият оғоз намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки васлу насби таҷҳизоти тамоми плазаҳо аз ҷониби ширкати “Tecsidel”, ки маъруфияти сатҳи ҷаҳонӣ дорад, амалӣ гардид. Фаъолияти муштарак бо ин ширкат имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.