Эътирофе, ки дар он филиали ШС «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» саҳми бориз дорад
Дар ҷаҳони муосир гирифтани таҳияи рейтинҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки муқоиса масъалаи меҳварист, беҳтарин омилҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд. Аз ҷониби дигар, аксар маврид ҷомеаи ҷаҳонӣ равобиташро бо дилхоҳ давлат дар робита ба ин нишондиҳандаҳо роҳандозӣ менамояд. Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд. Имрӯз ба ҳамшарикии давлати мо бо кишварҳои хориҷӣ, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст, сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст.
Чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд. Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ гардид. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70-ум қарор гирифта, ба Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки на ба ҳама мамлакатҳо имкон даст медиҳад, ки дар чунин рейтингҳо комёб гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархурдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият ба баҳогузории баланд асос шуда метавонанд. Дар рейтинги мавриди назар ба даҳгонаи беҳтаринҳо кишварҳое назири Сингапур, Швейтсария, Гонконг, Нидерландия, Ҷопон, Франсия, Португалия, Австралия ва ИМА шомил шуданд.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида метавон хулоса кард, ки дар ин раванд филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро ба зимма дорад, низ саҳим аст. Ин роҳи мошингард, ки маркази мамлакатро бо шимоли он мепайвандад, солҳои қаблӣ 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарўза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрўз бо шарофати фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгў бархўрдор мебошанд. Гузашти муддати начандон зиёд собит намуд, ки, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дорад. Роҳбарият кормандони филиали Ширкат бо масъулиятшиносии худ собит намуданд, ки таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо аз аҳдофи филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошаду онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.