Роҳи Душанбе – Чанок. Қитъаҳои фурурафта бетаъхир барқарор шуданд
15 майи соли равон дар километри 119-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ( дарозиаш 22 метр, паҳноӣ 6 ва баландиаш 3 метр) ба амал омад. Техникаҳои филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бетаъхир пайомади ин офати табииро бартараф карданд.
Дар ин қитъа аз ҷониби кормандони филиали Ширкат бунёди пойдевор идома дошту то ин вақт 40 фисади корҳо ба анҷом расида буд. Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми муҳлате, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок ба зиммаи филиали Ширкат вогузор аст, маротибаи аввал нест, ки чунин ҳодиса рух медиҳад.
Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникии филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Як соат пас аз рух додани офат кормандони мо ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ монданд. Муҳим он аст, ки ҳамон рӯз қитъаи фурӯрафта барқарор шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ гардида буд.
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июни соли 2018 дар километри 138- ум, дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд. Шурӯъ аз ҳамон вақт бо дастури роҳбарият, бо мақсади дар оянда пешгирӣ намудани чунин офатҳо дар қитъаи мазкур ҷӯйборҳои оҳаниву бетонӣ, ки як қисмашон аз Душанбе дастрас шуда, боқимонда, дар Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии марбут ба филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон истеҳсол шудааст, насб гардид.
Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад. Дар мавсими имсола тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз зиёда аз 50 километр роҳ таьмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ шавад.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.
Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.
Роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати аъзамаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии ҳамаи онҳо берун аз имконот аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани ҳолатҳои зикршуда (манзур тармафароӣ, лағжиши сангпора ва ғайра аст) кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар менамоянд.
Роҳи мавриди назар махсусиятҳои худро дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали Ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз авлавиятҳо медонад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои ногувор хоҳад дошт.
Дар давоми солҳои охир дар масири мазкур ин раванд тавсеа ёфта, кор бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор, масолеҳи босифати сохтмонӣ сурат гирифт. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебаранд.