Соҳилмустаҳкамкунӣ низ аз мадди нзар дур нест
Роҳи Душанбе – Чанок, ки нигоҳдориаш ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, махсусиятҳои худро дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот мавҷудияти ҷўйборҳои канори роҳ дар эмин доштани роҳ аз вайроншавӣ саҳми бориз дошта, роҳбарияти филиали Ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз авлавиятҳо медонад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои ногувор хоҳанд дошт.
Кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Давоми рҷзҳои охир дар километрҳои 194 ва 201-ум ин раванд тавсеа ёфта, корҳо бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сурат гирифтанд. Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам ва дақиқкор буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.