Плазаҳо бо ҳароратсанҷ ва маҳдудияти мавсимӣ мавқуф гузошта шуд
Айни замон фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Овозаҳо дар мавриди он ки гӯё дар робита ба бемории коронавирус роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок баста мешавад, асос надоранд.
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ба овозаҳо фирефта нашаванд. Иттилоъ медиҳем, ки тамоми маълумоти ба вазъи роҳи Душанбе – Чанок дахлдошта дар сайти филиали Ширкат ва саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” қобили дарёфт аст.
Шоистаи зикр аст, ки дар робита ба бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат корҳои пешгирикунандаро тавсеа бахшида, дар ин ҷода корҳои зиёде амалӣ шуданд. Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад.