Хатҳои уфуқӣ. Таъмини бехатарӣ ва назаррабо шудани роҳ аз он вобаста аст

Вақтҳои охир теъдоди нафароне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок тариқи Маркази матбуоти филиали Ширкат  арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст.  Зеро онҳо бо шоҳиди ҳол шудаанд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба тавсеаи  таъмиру таҷдиди роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав,  коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва  ѓайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда,  мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин хат яке аз талаботи асоси бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз буда, роҳро зебову назаррабо менамоянд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро таври мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо беш аз пеш тавсеа бахшидаанд.

Давоми рӯзҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суѓд дар масофаи хеле зиёд дар роҳи мавриди назар хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз  ранги босифат ва тавассути  тахникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати  муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина  хатҳои уфуқии роҳ аз нав кашида мешаванд. Расмҳое, ки дар зер пешниҳоди хонандаи закии сомона  мешаванд, ин равандро таври возеҳ бозгўйӣ менамоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо