Идомаи ибтикорот ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ
20 сентябри соли равон плазаи нави толлингии филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ба ҷои плазаи амалкунанда дар минтақаи Истаравшан низ мавриди истифода қарор гирифт
“Роҳ ин иншооте мебошад, ки моро ба дунё мепайвандад ва қалби мардуми зиндаҷудои тоҷикро ба ҳам меорад. Бе роҳҳои хубу тахту ҳамвор, тараққиёти мамлакат ва пешравии иқтисодиётро тасаввур кардан аз имкон берун аст. Мо бояд ҳама вақт барои сохтмони роҳҳои нав ва таъмири роҳҳои мавҷуда маблағро дарёфт намоем ва роҳҳои нав ба нав созем. Бештар ба кадрҳои ин соҳа аҳамияти асосӣ дода, имконияти навоварии кадрҳои ин соҳаро ривоҷу равнақ диҳем». Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳанўз соли 1993 бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз намуда буданд.
Роҳбарияти Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шурўъ аз 31 июли соли равон дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ намуд, ин суханони Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, давоми фаъолият ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил гардидаанд. Дар як муддати кўтоҳ, аввал 31 июли соли равон мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави Варзоб ва Ҳушёрӣ, сипас - 30 августи соли ҷорӣ фаъол гардидани плазаҳои Деҳмой ва Шаҳристон аз ҷамъи дастовардҳои кормандони филиали Ширкат “қатрае аз баҳр”-ро шабеҳ аст.
Бо ҳисси ифтихормандӣ иттилоъ медиҳем, ки шурўъ аз 20 сентябри соли равон плазаи нави толлингии Истаравшан ба ҷои плазаи амалкунанда низ мавриди истиифода қарор гирифт.
Ҷанбаҳои мусбати ин плаза низ чун плазаҳои қаблан мавриди истифода қароргирифта зиёданд. Чун плазаҳои дигар тавассути плазаи Истаравшан низ пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле қулай мешавад. Василаи нави пардохтӣ, ки ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст, рўи кор омадани хизматрасонии “Клиент – Сервис”, ба ҷои 4 хати ҳаракат фаъол гардидани 8 хати ҳаракат, васеъ гардидани масоҳати плаза, рафъи тамбашавӣ, насби панелҳои иттилоотӣ ва ғайра бартариҳои плазаи нав маҳсуб мешаванд.