Қадрдонӣ самараи меҳнати пурмаҳсул ва поквиҷдонист
Агар гӯем, ки ҳафт соли фаъолияти Ширкат марҳилаи рушду такомул маҳсуб меёбад, хато нахоҳем кард. Сарфи назар аз таҷрибаи нав будани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали Ширкат бо масъулиятшиносӣ собит намуд, ки фаъолияташ барои ҷомеаи Тоҷикистон манфиатовар аст. Зеро ҳама ободиҳо ба вазъи роҳҳо, ки онҳоро рагҳои хунгард дар ҷисми кишвар низ меноманд, вобастагӣ дорад. Имрӯз бо шарофати фароҳам омадани шароити муносиб хатарҳои пешин бартараф шуда, аҳолӣ тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст. Гуфтан бамаврид аст, ки интихоби Ширкат барои амалӣ намудани ин лоиҳа дар заминаи ҷавобгӯи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будани он сурат гирифтааст. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр роҳи Душанбе –Чанок умуман баста набуд. Харидории зиёда аз 181 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ далели возеҳи он аст, ки ширкат дар нигоҳдории роҳ хеле фаъол аст.
Дар ин росто, филиали Ширкати «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо ҷоизаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст, ки аз мақому манзалати баландаш дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Омили мазкур собит намудааст, ки филиали Ширкат муназзам рушду такомул ёфта, эътибораш дар арсаи байналмилалӣ низ тамоюли афзоишро касб намудааст.
Эътирофу қадрдонӣ гардидани меҳнати кормандони филиали Ширкат аз ҷониби вазорату идораҳои зиддахл низ падидаи маъмул буда, гувоҳи он аст, ки заҳматписандӣ ҳамавақт подоши нек дорад. Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар арафаи 26-умин солгарди ИстиҚлолияти давлатӣ ва 90- умин солгарди “Иди касбии роҳсозон” бо фармоиши Вазири наҚлиёти мамлакат Х. Худоёрзода кормандони филиали Ширкат – Бозоров Абдулмумин, Турсунов Турсун бо унвони “Роҳсози фахрӣ” ва Акрамов Бобохоҷа ва Нурматова Мутабар бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт сарфароз шуданд. Зимни супоридани ҷоизаҳои мазкур зикр гардид, ки нафарони зикршуда барои меҳнати софдилона ва саҳми бориз доштан дар рушди бахши роҳу нақлиёт ба чунин арҷгузорӣ сазовор дониста шуда, ин адрдонӣ эътирофи сатҳи баланди касбияти номбурдагон маҳсуб мешавад.