БА ТАВАҶҶУҲИ КАСОНЕ КИ АЗМИ САФАР ТАРИҚИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚРО ДОРАНД!

 

ИТТИЛОЪ МЕДИҲЕМ, КИ СУБҲИ ИМРӮЗ БОРИШОТИ БАРФ ДАР МАСИРИ РОҲ БЕШ АЗ ПЕШ ШИДДАТ ГИРИФТА, ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗИ МИНБАЪДА БОРИШОТИ БЕИСТ ВА ШАДИДТАР ПЕШГӮЙӢ ШУДААСТ. ИЛОВА БАР ИН, ТАРМАФАРОӢ ДАР РОҲ, ХОСА АЗ КИЛОМЕТРИ 48 ТО 73 ХЕЛЕ ЗИЁД БУДА, ТИБҚИ МУҚАРРАРОТИ ФАРМОИШИ ЯКҶОЯИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА НАҚЛИЁТ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ САБУКРАВ НИЗ МАҲДУД КАРДА ШУД.
ТАЪКИД МЕНАМОЕМ, КИ БАРОИ МО ҲИФЗИ ҲАЁТИ ҲАМВАТАНОНАМОН БОЛОТАР ВА АВЛОТАР АЗ ОМИЛҲОИ ДИГАР АСТ. 
ДАР РОБИТА БА ИН ХОҲИШМАНДЕМ БИДУНИ ЗАРУРАТ ВА ОМОДАГИИ ҶИДДӢ АЗ САФАР ХУДДОРӢ НАМОЕД. 
ДАР СУРАТИ НОГУЗИР ВА ҲАТМӢ БУДАНИ САФАР БО НАҚЛИЁТИ ДОРОИ ТИРИ ПЕШБАРИ МЕҲВАРИ АСОСӢ (ПЕРЕДОК) ВА ЗАНҶИРДОШТА БА РОҲ БАРОЕД. 
КОРМАНДОНИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ ТАМОМИ КӮШИШҲОРО БА ХАРҶ МЕДИҲАНД ТО ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ТАЪМИН БОШАД, ВАЛЕ ТАБИАТ ҚОНУНҲОИ НОНАВИШТАИ ХУДРО ДОРАД, КИ ДУРУСТ ОНРО БОЯД ДАРК НАМОЕМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо